Sebiston new 2024 october
Арафамоҳи 70-сола дар барномаи "Меҳвар"-и Радиои Тоҷикистон
10.06.2024
ОИЛА.ТҶ
758

Рӯзноманигор, корманди Радиои Тоҷикистон Наҳтутӣ Алиева хабар дод, ки Арафамоҳи Балҷувонии 96-сола, сокини ноҳияи Данғара, санъаткор, шоира, депутат, омӯзгор бо ёриву кумаки наберааш ба даргоҳи радио қадам ранҷа кардааст.

Бино ба шарҳи ӯ, Арафамоҳи Балҷувонӣ 70 сол дар роҳи хидмат ба ватану миллаташ гом ниҳодаву ҳанӯз ҳам мехоҳад барои ободониву созандагӣ саҳм гузорад:

Ӯ соҳиби 11 фарзанд, 60 набера, 50 абера, 4 чабера аст ва бо бобои Ҷорӯбалии санъаткор зиёда аз 70 сол зиндагӣ кардаву ӯро дар синни 90-солагӣ аз даст додааст. Соҳиби чандин китобҳо бо номҳои "Офтоб", "Суханҳои ногуфта", "Бахшида ба ҳамсар" ва ғайра аст.

Зани зиндадилу санъатдӯстест. Дар давраи ҷанги бародаркуши таҳмилӣ 3 ҷигарбанд ва ду набераву домодашро аз даст додаву мотамдор гаштааст.

Мо бо ин зани боҷасорату хидматнишондода дар барномаи навбатии "Меҳвар" суҳбате пурмуҳтаво анҷом додем. Аз фарҳанги салому инсоният то ҳамсоядориву келиндорӣ ва дӯстиву рафоқату вафодорӣ, инчунин ватандориву худшиносӣ ва либоспӯшии тоҷиконаву чанд мавзуҳои ба замону зиндагӣ рабтдошта...

Ӯ мактаби бузург ва таърихи зинда аст. Нишон додани чеҳраи чунин шахсиятҳо як панд ва сабақи бузургест. Зеро, чунинҳо саршуморанду табаррук.

Дӯстони азиз, метавонед аз шеъру таронаву панду андарз ва ватандориву ватандӯстӣ ва инсонияту самимият ва суҳбати ширину намакин ва кору фаъолияти ин зани собиқадор рӯзи 10-уми июн, соати 10:35 дақиқа, аз Радиои Тоҷикистон баҳравар шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД