Formula novemver 2024
Ҳар як зан бояд ин қоидаҳоро донад
1748

10-қоидаи нозуки часпондани миҷгони сунъӣ
Ҳар як зан бояд ин қоидаҳоро донад

Бонувони зиёде имрӯз ба хотири зеботар шудан ба рӯйи миҷгонҳои табии худ миҷгони сунъӣ мечаспонанд. Амалиёти миҷгончаспонӣ ба саломатии зан зарар намерасонад, вале дар сурате, ки мутахассис вазни миҷгонҳои сунъиро ба эътибор нагирад, рехтани бошиддати миҷгон рух дода метавонад. Боз чанд қоидаи дигаре вуҷуд дорад, ки дар сурати часпонидани миҷгони сунъӣ риоя карданаш ҳатмӣ мебошад. Инак, қоидаҳои миҷгончаспониро риоя намоед.

1. Дар кошонаи ҳусн ҳатман аз таркиби ширеш бохабар шудан лозим аст. Ширеши миҷгончаспонӣ бояд моддаи формалдегид надошта бошад, вагарна он сабаби сурхшавӣ, хориш ва ҳатто варами атрофи чашм мегардад.
2. Агар миҷгони табии зан кутоҳ ва кам бошад, онро аз ҳад зиёд ғафс кардан мумкин нест.
3.Рӯзҳои аввали баъди миҷгончаспонӣ оббозӣ кардану ба сауна ва ҳавз рафтан манъ аст. Барои он ки ширеши миҷгони сунъӣ хубтар хушк шавад, аз 12 то 24 соат интизор шудан лозим аст. Рафту об ба миҷгон расад, ширеши обшуда миҷгони сунъиро бардошта наметавонад.
4. Миҷгони сунъиро туш кардан манъ аст, зеро ҳангоми тоза кардани косметика шумо метавонед ба он зарар расонед. Рафту хеле хоҳиши туш кардан дошта бошед, чуткаи тушкуниро танҳо ба нӯги миҷгонҳо расонед.
5. Аксаран устоҳои навкор барои омӯзиши худ духтаронро ба хизматрасонии бепул даъват мекунанд. Беҳтараш аз чунин хизматрасониҳо худдорӣ намоед.
6. Баъди амалиёти миҷгончаспонӣ ҳамарӯза то 1-3 дона миҷгон меафтад ва ин набояд боиси ташвиш гардад. Тақрибан баъди 2–3 ҳафта ними миҷгонҳои часпонидашуда меафтанд. Бояд гуфт, ки миҷгонҳо аз ҳар ҷои милки чашм меафтанд. Дар баъзе бонувон дарҳол баъди чанд рӯзи миҷгончаспонӣ афтидани миҷгонҳои сунъӣ ба назар мерасад.
7. Қабл аз амалиёти миҷгончаспонӣ усмаву сурма кардан манъ аст, ҳатто тен ва қалами чашм ба натиҷаи миҷгончаспонӣ таъсир мерасонад. Пӯст бояд тоза бошад, аз ин рӯ, малҳам, пудра ва дигар воситаҳои косметикиро истифода набаред. Илова бар ин, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар сурати истифодабарӣ аз тушҳои дар об тобовар 3 рӯз интизор шуда, баъдан миҷгон часпонед.

8. Агар шумо ба чашмонатон линза мепӯшида бошед, қабл аз амалиёти миҷгончаспонӣ онро гирифтанатон лозим аст.

9. Ҳатман ба таркиби маҳлулҳои рӯйшӯӣ ва косметикаи декоративӣ диққат диҳед, дар таркиби онҳо аксаран равған ва мум вуҷуд дорад, ки метавонад ширеши миҷгонҳоро шуста, сабабгори афтидани он гардад.
10. Баъд аз часпонидани миҷгони сунъӣ ба ҳолати худ диққат диҳед, рафту агар нороҳатӣ ва сӯзиши чашмро эҳсос мекарда бошед ё аз чашмонатон об мерехта бошад, дарҳол ба амлиёт хотима гузоред. Чунин нороҳатӣ маънои онро дорад, ки шумо ба ширеш аллергия доред. Амалиёти миҷгончаспонӣ набояд ягон нороҳатии ҷисмонӣ ба бор орад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД