Ҳар боре ба аёдатат меравам, бо дили пурғусса бармегардам. Намехоҳам туро ғамгину ошуфтаҳол бубинам. Медонам, ки ту ҳамчун марди бо ору ба номус номардии дигаронро дида, дилхун мешавӣ, вале чӣ чора, охир дунё дунёи номардон аст падарҷон!
Ғам хӯрда, ғам хӯрда билохира аз по афтидӣ. Паҳлавон будӣ, вале ғам қомати баландатро шикаст, худро беш аз ин азият мадеҳ, падарҷон. Медонам, ки ту хушбахтии маро мехостӣ, вале тақдирро тадбир набудааст. Дигар худро дар бадбахтии ман гунаҳкор намуда, ранҷу озор мадеҳ. Дигар бароям ғусса махӯр. Дигар ҳеҷ гоҳ ашк марез, падарҷон! Духтарат аз Худованд танҳо умри дароз ва сари баланди туро мехоҳад.
Нодира.