Arzon march 2024
Апаҳои шавҳарамро бинам, аллергия мешавам
15.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1136

Шавҳарам дар оилаашон фарзанди хурдӣ бошад ҳам, назар ба апаву акаҳояш корчаллонтар аст. Мо зиндагии серу пур ва хонаҳои боҳашаммат дорем, вале хешу табори шавҳарам ҷонамро ба лабам расондаанд.

Рӯзе нест, ки апаву акаҳои мардакам ба дарамон гадоӣ наоянд, гӯё шавҳари ман аз ҳамаашон қарздор бошад, ҳамин ки дар хонаашон мушкиле сар зад, сӯйи хонаи мо медаванд. Ҷиянҳояшро ба донишкадаҳо дохил мекунад, модару хоҳару бародаронашро дар беморхонаҳо хобонида табобат мекунад, тӯю маъракаҳои ҳама хешу таборашро мегузаронад. Росташро гӯям, ҳотамии шавҳарам ба дилам задааст. Кӯмаку дастгирӣ як бор будагист, ду бор будагист, магар шавҳари ман хазинаи Амир Олимхонро ёфтааст, ки бояд ба ҳама хайру саховат кунад?! Қимоб шудаам аз ҳамин гадоҳо, додару хоҳарони шавҳарамро бинам, аллерия мешавам.

Вақтҳои охир тиҷорати мардакам суст шудааст, мисли пештара кордаш болои равған нест, вале хешу табори гадояш ҳеҷ пою қадамашонро аз дари мо канданӣ нестанд. Фикр намекунанд, ки ӯ ҳам одам аст, зану фарзанд дорад, зиндагӣ дорад, мушкилиҳои худро дорад.

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хусуру хушдоманам бачаҳоямро дар кӯча дошта, тергав мекардаанд, ки очаат ба хонаи падараш чӣ мебарад, дадаат ба очаат курта харид ё не, падарат ба тағою холаҳоят ҳам ёрдам мекунад…

Ин гапҳоро шунида, асабам чунон хароб мешавад, ки мехоҳам рафта, онҳоро бӯғӣ карда кушам. Магар ман, зани поку ҳалолаш, ки хонаи писари онҳоро обод карда, барояш чанд фарзанд зоидаам, ҳақ надорам, ки бо пули шавҳарам либос харам?! Дастурхонам пур аз нозу неъмат аст, вале ман ҳуқуқ надорам, ки хешу табори худамро ба меҳмонӣ даъват кунам ё ба хоҳару бародарам кӯмак расонам. Ба ҳамааш тоқат мекардам, вале шунидам, ки хешовандонаш шавҳарамро боз як зани дигар доданиянд.

Косаи сабрам бо шунидани ин хабар лабрез гашта, ба қароре омадам, ки шавҳарамро ҳатман аз апаҳояш ҷудо мекунам.

Ф.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД