arzon replenishment
АПААМРО АЗ ҶАҲАННАМ ХАЛОС МЕКУНАМ,ВАЛЕ...
4404

 

Таънаҳои язнаам асар карданду апаам дар хонаи бачаҳо доя шуда, ба кор даромад. “Ту зани раисӣ, бояд замонавӣ гардӣ” гӯён, шавҳараш маҷбур мӯйи сари ӯро зард кард. Ба апаи сифр қишлоқии ман ин ороиш назебид ва ӯ аз сари нав мӯяшро ранги сиёҳ кард.

Барои ин нописандӣ шавҳараш ӯро чунон зери мушту лагад гирифт, ки як ҳафтаи дароз дар бистар монд. Шояд аз ин моҷаро низ бехабар мемондем, аммо ман ҳамон рӯзҳо дар шаҳр будаму чун ӯ ба ҳавлӣ наомад, ба хонааш рафтам, албатта, вақте ки ин муштзӯр дар кор буд...

Зулайхо Маҳмадшоева сирру асрорашро фош кард

...Ман мисли кӯдакони дигар ба боғча нарафтаам, бо муҳаббату дӯстдории волидон ба мактаб гусел нашудаам, вале аз ҳамон айём дарси калони зиндагиро барои худ касб кардам, ки барои камтарин кор заҳматҳои бузург бояд анҷом дод, чун аз он замон аллакай медонистам, ки барои чизеро ба даст овардан, бояд хеле талош кунӣ ва ҳамин хел, зиндагиро муборизаву худамро мубориз дарёфтам”,-нақл мекунад овозхон. Зулайхо мегӯяд, маҳз орзуҳояш сабаб шуданд, ки ӯ то ин зинаҳо бирасад...

Хуни нопок

...Аз рӯзи аввалини бархӯрд бо духтарак Нозукой ба ӯ дил баст ва аз ширинию дӯстдории зиёд ба вай Асалмоҳ ном гузошта, насабашро ба кӯдак дод. Зеварой ба як дойрачӣ ба шавҳар баромада рафт ва дар хонаи падари Нозукой модараш ва Асалмоҳаш монданд. Ду зан шабу рӯз кор карда, ҳама ёфту тофташонро сарфи Асалмоҳашон мекарданд. Чӣ қадар азоб кашида, дар ба дари духтур гаштаю сарашро ба сангҳо зада, Нозукой аз як духтарчаи нимҷонак як духтари зебояки сапедандоми ҷингиламӯ ба воя расонид. Зан гумон дошт, ки Асалмоҳ хуб тарбия ёфта, дар оянда асои дасташ мешавад, аммо...

Даргузашти Назирмад Мӯсоев дар вақти кор

...“Назирмад Мӯсоев барои идораи дубляжи ТВ "Синамо" умри худро бахшид, ҳамвора, дар ҳама филмҳо садо медод. Агарчӣ дигар ҳунарпешаҳо ба далели хеле ночиз будани ҳаққи заҳматашон ба роҳбарияти ин муассиса изҳори нигаронӣ мекарданд, банда шоҳид будам, ки Назирмад Мӯсоеви худобиомӯрз барои ҳаққи кораш боре лаб ба шиква во накарда буд, ки музди кораш кам аст. Бо ҳаққи қалами ночизу камарзиш бо завқ кор мекард, зеро касбашро дӯст медошт”...

Моҷарои хунини тифли бе никоҳ

...Яке мегуфт, ки Дилафрӯз бо Бахтиёри писари ҳамсояашон Баҳром Шарифов ишқварзӣ карда, ин писарро аз ӯ таваллуд кардааст. Гарчанде ки Бахтиёр зану 4 фарзанд дошта, синну солаш ҳам ба ҷое расидааст. Дигаре мегуфт, ки Дилафрӯз бо Бахтиёр нею бо фалонию беҳмадонӣ ҷону ҷигар будааст. Ҳамин тавр, ин рӯйдод мавзӯи рақами яки миш-мишу пичир-пичири тамоми мардуми қишлоқ гардида буд. Ба гуфти мардум “дарвозаи шаҳрро баста мешуду даҳони ҳамдиёронро не”...

Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 19-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 19-уми майи соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52

“Маро танҳо нагузор”

Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД