Вазорати молияи Тоҷикистон барои ҳавасмандаргонии занон бартарият дода истодаем. Яке аз талабатҳои шарикони рушди мо равон кардани маблағҳо барои рушди бонувон аст.
Маблағҳое, ки мо ба “Амонатбон” ва “Саноатсодиротбонк” ҷудо кардем, дар онҷо интикаторҳои мушаххас ҳастанд, ки маблағҳоро танҳо барои занҳои соҳибкор ё занҳо равона кунанд, ки зиёда аз 30 фоизро дарбар мегирад. Вақте мо дар бораи ҷанбаҳои гендерии буҷет сухан меронем, маблағҳое, ки ҳамчун грант ворид мешаванд, ба ҳамин самт равона карда мешаванд.
Қаҳҳорзода Файзиддин, Вазири молияи Ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро баён кард. Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки барои амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 12созишномаи қарзию грантӣ бо маблағи умумии 253, 6 млн доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд, ки аз он 12, 1 млн доллар маблағҳои қарзӣ ва боқимонда 241, 5 млн доллар маблағҳои грантиро ташкил медиҳад.
«Қарзи мо аз хавф берун аст. Дар доираи стратегияи иқтисодии Тоҷикистон ин миқдор қарз аз созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ гирифта шудаанд»,- гуфт вазир.
Гуфта шуд, Тоҷикистон аз 0,45 фоиз то 1,5 фоиз барои қарзи гирифтааш пардохт мекунад.