Бародари калонии ман як одати бад дорад, барои ҳар як майда-чӯйда ҳақорат мекунад ва баъзан ҳатто ҳаётро дашном медиҳад. “Э лаънат ба ин ҳаёт ё дунё” гуфта, мудом ношукрӣ мекунад. Ягон кораш барор нагирад, ҳақоратҳои қабеҳ ҳам мекунад. Ҳарчанд ман аз ӯ хурд бошам ҳам, насиҳат карда мегӯям, ки ҳаётро Худованд офаридааст ва ҳақорат кардан гуноҳ аст, вале даст афшонда, ба гапам гӯш намекунад. Мехоҳам дар ин маврид назари шариати Исломро баён кунед.
МУҲРИДДИН, н. Варзоб
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Бародари азиз, аслан шариати Ислом ҳақорат ва тавҳинро ба ҳама кас ва ба ҳама чиз иҷозат намедиҳад. Мусалмони ростин бояд хушахлоқ бошад ва аз дашному қабеҳгуфторӣ дурӣ ҷӯяд. Одати бади ҳақоратгӯӣ ва лаънатхонӣ баракати зиндагиро мепаронад. Дар мавриди ҳақорати дунё ё ҳаёт бошад, ҳаминро гуфтанием, ки аслан ҷоиз нест, ки инсон ҳар гоҳ аз ҳаёт хаста шуд, онро дашном диҳад, зеро Паёмбар (с) аз Парвардигори худ ривоят кардааст, ки Ӯ мефармояд:
«Фарзанди Одам маро азият медиҳад, рӯзгорро дашном медиҳад, дар ҳоле ки Ман худ рӯзгор ҳастам, ки фармон дар дасти ман аст, шабу рӯзро дигаргун месозам».
Аз Паёмбар (с) собит шудааст, ки мефармояд: «Рӯзгорро дашном надиҳед, зеро Аллоҳ худ рӯзгор аст».
Яъне, Ӯ идоракунандаи рӯзгор (замона) аст. Агар инсон ба мусибате гирифтор шавад, бояд сабр кунад ва подош биҷӯяд, зеро Аллоҳ таъоло ба сабр дастур намудааст.