(Шеърҳо дар бораи ҷанг ва ғалаба)
Мӯъмин Қаноат
Мавҷи бародарӣ
Ба дида накши рӯйи ту,
Ба гӯш гуфтугӯи ту
Ҳанӯз аз димоғи ман, нарафтааст бӯи ту,
Ба ҷои дур меравад, дилам ҳамеша сӯи ту,
Шудам калону омадам, кунун ба ҷустуҷӯи ту,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Замини Украинаро зи сару бар қадам задам,
Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам,
Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,
Бикофтам, наёфтам, нишони ноаёни ту,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Замони кӯдакии ман, ту аз ҳама калон будӣ,
Миёни аҳли деҳи мо ҷавони паҳлавон будӣ,
Чанори соябон будӣ, мадори хонадон будӣ,
Вале зи хоксориат ба чашм ноаён будӣ,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори хоксори ту?
Ба вақти захми охирин, кӣ буд дар канори ту?
Даме фитодӣ бар замин, кӣ буд такядори ту?
Кӣ буд дар нигоҳи ту? Ба чашми интизори ту?
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Ба вақти ҷустуҷӯи ман, ба сӯи ман, ба рӯи ман
Кушода буд ҳар даме, ба ҳар даре бародаре, -
Агар туро наёфтам, биёфтам дар ин макон
Ҳазорҳо бародарон, бародарии ҷовидон,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
Ба ҳар диле, ки во шавад, маро ба сина ҷо шавад.
Ба ҳар нигоҳи беғаше, ки нури дидаҳо шавад,
Ба хандаҳои ғамбарор – чу мавҷхои беқарор,
Нигоҳи туст ошкор, ҳаёти туст пойдор,
Бародарам,
Бародари ба ҷону дил баробарам!
САРБОЗИ ГУМНОМ
Кард имзо адӯ ҳалокати ман,
Ошно банда шуд, рафиқ ба дор,
Бахту озодиам ба чангаш буд,
Ватанам дар миёни оташзор.
Ман дар оғӯш – олами модар,
Хуфта будам даруни гаҳвора.
Ҳой, марде, ба сини ҳозири ман,
Роҳатам ҳифз карда дар сари ман;
Ҳой, инсон, ба ном гумномӣ,
Дар қиёфат ту ҷони виҷдонӣ,
Ғазаби халқро шудӣ вулқон,
Теғи нафрат – ба синаи удвон.
Миллионро расониям дар ёд,
Додаӣ ҷони худ барои ҳаёт.
На, ту сарбози бенишоне на,
Пардаи зулмро дарида туӣ,
Бозуи халқи устуворастӣ,
Орзуҳои ҷонифигорастӣ.
Дидаам қадди мармарини туро,
Пеши пояш гиронда машъалро,
Ҷон бидодӣ, ту гуфта «озоди»!
Ин қадар шаъну шон будат ёде?
Вақти он аст, эй қалам!
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг!
Як ҷаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То Ватанро дўст дорад,
дўст дорад то абад.
Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад
Бо нафраташ гўр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрўз ман
Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирўзманд, Дорадам имрўз аз ҳаррўза ёрам дўсттар:
Он на ман бошам амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рўзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст,
Эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ,
Манҳус — анчарро кунӣ бешоху барг!