Анӯшервон Ғафурӣ, писари калонии овозхони зиндаёд Баҳром Ғафурӣ таронаи охирин ва нотамоми падараш “Хона холӣ”-ро бозхонӣ кардааст, ки онро дар давоми як ҳафтаи нашраш наздики 700 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Анӯшервон меҳмони барномаи “Ногуфтаҳо” шуда, дар бораи марги падараш қисса кардааст.
“Ҳамон шаби ҳодиса ману падарам ва амакам дар як маърака будем. Баъди маърака падарамро ба дигар ҷой таклиф карданд. Ӯ рафтан намехост, вале занг зада, исрор намуданд. Баъдан падарам ману амакамро ба хона фиристода, худаш ба назди дӯстонаш рафт ва тахминан соати панҷи субҳ ин хабари нохуш ба гӯши мо расид”,-нақл мекунад Анӯшервон. Ӯ дар идома афзудааст, ки ба ғайр аз қисмати қафои сар, дигар ягон ҷои падараш захмӣ набуд. “Танҳо пушти сараш зарба хӯрда буд, ки ҳатто дар вақти шустан ҳам хун мерафт. Вақти садама аз мошин берун парида, сараш ба бетонаки канори роҳ бархӯрда, ба дохили ҷӯйбор афтидааст. Ҳамон ҷо сараш сахт зарба мехӯрад”.
Анӯшервон мегӯяд, падараш ду ҳафта қабл аз маргаш як дӯсти ҷавонмаргашро хоб дида буд. “Он дӯсти падарам дар вақти зинда буданаш ҳофизӣ мекард ва ба хоби падарам даромада, гуфтааст, ки “Баҳромҷон, ҳофизиро сар мекунем”. Баъди ҳамон хоб падарам ғамгин буд ва мисле ки пешакӣ рӯзи маргашонро медонист”,-илова мекунад Анӯшервон. Ёдовар мешавем, ки Баҳром Ғафурӣ, овозхон ва оҳангсози 44-солаи тоҷик субҳи 7-уми август дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ҷон дода буд.