Ҳамлагари дастаи “Манчестер Сити” Антуан Семенйо беҳтарин бозигари моҳи феврали Премйер‑лигаи Англия эълон гардид. Дар ин бора саҳифаҳои расмии лига дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Антуан Семенйо моҳи гузашта дар ҳайати дастаи худ панҷ бозӣ анҷом дода, се гол ба самар расонд ва дар пирӯзиҳои бошгоҳ саҳми назаррас гузошт. Намоиши устувори ӯ дар чанд дидори муҳими чемпионат боис гардид, ки ҳакамон маҳз ӯро сазовори ҷоизаи беҳтарин бозигари моҳ эътироф намоянд.
Барои дарёфти ин ҷоиза ҳамчунин як қатор футболбозони дигари маъруф номзад шуда буданд. Аз ҷумла, ҳамдастаи Семенйо дар “Манчестер Сити” Нико О'Рейлли, ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Бенямин Шешко, форварди “Арсенал” Виктор Дёкереш, ҳамлагари “Брентфорд” Данго Уаттара ва капитани “Ливерпул” Вирҷил ван Дейк низ дар рӯйхати довталабон қарор доштанд.