toyota motors
Ҳантавирус ба сайёҳон таҳдид мекунад
06.05.2026
Oila.tj
56

Шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба ҳантавирус дар киштии сайёҳии “Атлантик” ба ҳафт нафар расида, се нафар фавтидаанд.

Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аллакай ҳафт ҳолати сироятёбии ҳантавирус дар киштии сайёҳӣ, ки айни замон дар соҳили ғарбии Африқо лангар андохтааст, ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Rbc.ru, се нафар фавтида, яке дар ҳолати вазнин қарор дорад, дар ҳоле ки дигарон нишонаҳои сабук доранд. Тибқи як назария, сироятёбӣ шояд пеш аз савор шудан ба киштӣ рух дода бошад. Киштӣ аз Аргентина равонаи ҷазираҳои Канарӣ буд, ки шомили 150 нафар сайёҳон аз 20 кишвари дунё ҳастанд.

Давраи инкубатсияи вирус метавонад то шаш ҳафта давом кунад. Хатари асосӣ осеб дидани шуш ва гурдаҳост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД