«Дунёи саодат»- таҳти ин унвон дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ баргузор мешавад.Ҳадафи он рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчӣ бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни аҳолии кишвар мебошад.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Фестивал дар се давр баргузор гардида, масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даври якумро аз 1 то 12 апрели соли 2023 дар сатҳи маҳал (яъне шаҳру ноҳияҳое, ки ансамбли оилавӣ доранд) баргузор мекунанд ва беҳтарин ансамблҳои оилавиро бо мактуби расмӣ ва протокол то 15 апрел ба унвони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
Даври дуюм аз 17 апрел то 7 май дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ бо иштироки гурӯҳи корӣ-эҷодии таъсиснамудаи Вазорати фарҳанг баргузор мешавад.
Даври ниҳоӣ ва барномаи фарҳангии гулчини Фестивал 15 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад.