Гули Зард (Гулӣ Зардова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик бегоҳи 9-уми декабр дар 62-солагӣ даргузашт.
Гули Зард 27-уми феврали соли 1963 дар Қӯрғонтеппа ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор, корманди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи парлумони кишвар ва хабарнигор фаъолият кардааст.
Гули Зард солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ будааст.
Ин нависандаи тоҷик муаллифи чанд китоб, аз ҷумла, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Дард”, “Ишқи духтари пистафурӯш” ва “Дар ҷаҳаннам” мебошад.
Ҷанозаи Гули Зард имрӯз соати 10 дар хонааш дар шаҳри Душанбе (кӯчаи Сомонӣ 564, ноҳияи Фирдавсӣ, пушти бозори “Корвон”, назди мағозаи “Абдулло”) гузаронида мешавад.
Ҳайати кормандони сомонаи Oila.tj аз даргузашти ҳамкасби худ андуҳгин буда, ба пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳанд.