Arzon march 2024
Анонси шумораи 42-и ҳафтаномаи “Оила”
23.10.2024
Оила
473

Анонси шумораи 42-и ҳафтаномаи “Оила”

Дар шумораи 42-юми ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

“Худам гӯшт намехураму ба ҳайвонҳо гӯшт медиҳам”. Чунин унвон дорад маводе, ки дар рубрикаи “Иродаи зан” дарҷ гардидааст. Мадина Давлатова директори боғи ҳайвоноти “Парвоз” дар вилояти Суғд аз мушкилоти кори худ ва ҳолати ҷонварони боғи мазкур дар фасли сармо ҳарф задааст.

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагон таҳти унвони “Ишқи духтари раис ғарибам кард” ва “Барқасди ошиқам шавҳар кардам, вале...” дарҷ гардидааст.

Қиссаи “Бахилбонуи бебахт” зиндагиномаи занест, ки аз давраи кӯдакӣ мавриди бахиливу ҳасади дугонаашу модари ӯ қарор мегирад ва ин бадбинӣ чандин сол давом мекунад. Тавре мегӯянд, одами бахилу бадният ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад, бахилбону низ умре бебахту сарсон мегардад.

“Шавҳари беникоҳ” сарнавишти зане аст, ки бо вуҷуди зиндагии хубу осоишта доштанаш ба доми марди фиребгаре афтида, ӯро ба зиндагияш роҳ медиҳад. Шавҳари беникоҳ чанд сол аз ҳисоби зан дар хонаи ӯ хӯрда хоб меравад, вале билохира бо сабаби бадмастиву ба сари зан мушт бардоштанаш аз чунин зиндагии сер пур бенасиб мегардад.

Донистан мехоҳед, ки ҳунарпеша, сароянда, шоумен, блогер, продюсер ё коргардони дӯстдоштаи шумо то машҳур шудан пайи кадом корҳо буд ва чӣ гуна зиндагӣ дошт? Пас, рубрикаи “То машҳур шудан”-ро пайгирӣ намоед. Дар шумораи навбатӣ дар бобати пайроҳаи тайнамудаи рэпсарои шинохта Беҳрӯз Шарифӣ, ки бо тахаллуси Барон миёни мардум шинохта гардидааст, маълумоти аҷибро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” таҳти унвони “5 бемории нодири генетикӣ” ва “Сабӯсаки сар дар тирамоҳ зиёд мешавад?” тавсия ва маслиҳатҳои муфидро оид ба мушкилоти вобаста ба саломатӣ ва беҳдошти зебоӣ барои бонувон мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз рӯзгори ситораҳо” хабарнигори “Оила” бо сарояндаи маҳбуб ва шинохта Парвин Юсуфӣ доир ба рӯзгору эҷодаш суҳбат кард, ки фишурдаи он таҳти унвони “Бекориро дӯст намедорам” манзури хонандагон мегардад.

Дар саҳифаи “Дин ва ҷомеа” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз қабили “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад (с)”, “Қарзи шавҳар дар назди зан”, “Латукӯби зан аз назари ислом”, “Аз дандон хун барояд, таҳорат мешиканад?”, “Уф!” гуфтан ба волидайн гуноҳ аст? аз ҷониби намояндагони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух дода шудааст.

Дар рубрикаи хобнома ба саволи "Тӯй хоб бинӣ, дар хонаат мурда мешавад?” бо истифода аз хобномаҳои исломӣ ва дигар хобномаҳои машҳури ҷаҳонӣ таъбири хоб ҷамъ оварда шудааст.

Дар рубрикаи “Маслиҳатхонаи муҳоҷир” оид ба мушкилоти муҳоҷират ва онҳое, ки дар қаламрави Русия ниёз ба машварати ҳуқуқӣ доранд, саволҳои хонандагон ва номаҳояшон дарҷ мегардад. Дар шумораи навбатӣ номаи як ҷавони муҳоҷирро таҳти унвони “Муҳоҷирро барои пулаш дӯст медоштаанд!” мутолиа карда метавонед.

Ин ва дигар матолиби ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД