Arzon march 2024
Анонси шумораи №42 ҳафтаномаи “Оила”
855

 

Дар шумораи №42 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар саҳифаи 2-уми ҳафтанома мусоҳибаи хабарнигорамон бо сарояндаи ҷавону хушовоз Камила Раҳимӣ пешниҳоди мухлисон мегардад. Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Писарони худро барои чӣ оиладор мекунед?”, “Бори сеюм шавҳар кунам?”, “Занамро аз деҳа ба шаҳр оварда, пушаймон шудам” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Касофати ҷоҳилӣ” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти мардест, ки бо амри волидон духтари амакашро ба занӣ гирифта, бо сабаби никоҳи хешу таборӣ фарзандони маъюб ба дунё меорад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” саволҳои кутоҳи динӣ ва посухи он аз ҷониби уламои дин пешкаши хонандагон мегардад. Дар қисмати дигари ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳи варзиширо мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

“Келинам шабҳо гум мешавад” аз нақли зане навишта шудааст, ки ҷияни худро келин карда, ба сари наздикони худ бало меорад.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро “аз хоҳиши Шердилу рад кардани Наимҷон то нашри “кассетаи куҳна”-и Шон МС” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Ду вохӯрии сарнавиштсоз” маводеро аз пайроҳаи зиндагии устоди ҳунар Мастона Эргашева мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Вақте шиками кӯдак дамиш мекунад?” роҳии табобат ва пешгирӣ намудани иллати мазкур маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД