arzon replenishment
Анонси шумораи №37 ҳафтаномаи “Оила”
1940

Дар шумораи №37 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Оилаи додарамро вайрон кунам?”, “Келини шаттоҳ акаро бо додар душман кард”, “Дӯзахи шавҳар ҳеҷ гоҳ биҳишт намешавад!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Нон ва нонпазӣ дар хоб”, “Ангур ва гашнич дар хоб чист?” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.

Қиссаи “Ҷодугар нестам, хола!” дарди дили занест, ки бо марди аз худаш ҷавонтар издивоҷ намуда бошад ҳам, тамоми бори зиндагиро ба танҳоӣ мекашад, вале дар охир пайвандони шавҳараш аз издивоҷи онҳо хабар ёфта, бо таҳқиру суханони қабеҳ хотирашро озурда месозанду ба ҷодугарӣ мутаҳҳам месозанд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Никоҳи мувақаттӣ раво аст?”, “Беҳушӣ ҳангоми намоз”, “Магас таомро ҳаром мекунад?, “Намоз бо пойафзол?”, “Мусиқӣ макруҳ аст?” ва дигар саволҳо посухро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Маро ба суд медиҳанд?”, “Барои доруи пастсифат ба куҷо муроҷиат кунем?”, “Кӯдакамро аз дастам мегиранд?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз навори ватандӯстонаи блогерон то нашри “мани девона”-и Шаҳроми Абдуҳалим” мутолиа намоед.

“Шӯи мардум вафо надорад” чунин унвон дорад дарди дили бонуе, ки бо марди зандоре пинҳонӣ оиладор шуда, ба садоқату муҳаббаташ бовар мекунад. Баъде чанде шавҳари пинҳонии зан муфлис мешаваду бо номи ин зан аз бонк пули калон қарз гирифта, бо ҳамин аз зиндагии ӯ ғайб мезанад...

Дар рубрикаи “Чеҳра” оиди зиндагии шахсӣ ва издивоҷи сарояндаи ҷавон Даниел Рустамов бо амрикоидухтар мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Табобати бемориҳои мардона бо гулу гиёҳҳои таббиӣ” ва “Пучак –чӣ гуна метавон аз он халос шуд?” пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД