arzon replenishment
Анонси шумораи №36 ҳафтаномаи “Оила”
1887

Дар шумораи №36 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Дуои падар рӯзамро сиёҳ кард”, “Мурғи дилам мурдааст”, “Модару хушдоман бояд роҳнамо бошанд” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Себ дар хоб чӣ таъбир дорад?”, “Замини сабзу хуррам дар хоб чист?” ба суоли хонандагони ҳафтанома аз хобномаҳои машҳуртарини ҷаҳонӣ посух дода шудааст.

“Модарро бад гӯӣ, дӯзахӣ мешавӣ, вале...” чунин унвон дорад қиссаи дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома дарҷгардида. Модар муқаддас аст, вале мутаассифона имрӯз дар ҷомеаи мо модаронеро ёфтан мумкин аст, ки ба ҷои барои фарзандони худ намунаи ибрат будан боиси сархамиву нороҳатии онҳо мегарданд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ аз ҷониби намояндагони дин посух дода шудааст. Дар ин ҳафта ба саволҳои “Тағо барои ҷиян номаҳрам аст”, “Номи Илоҳа дуруст аст?”, “Гуноҳи ғайбат вазнин ё аз зино?, “Қарзамро чӣ тавр баргардонам?”, “Намози бидуни азону қомат” посухро мутолиа намоед.

Қиссаи “Занамро пулмаст карда, хиёнат дидам” дарди дили марди азияткашидаест, ки бо вуҷуди барои завҷаи худ тамоми шароиту зиндагии шоҳонаро муҳайё намуданаш хиёнату бевафоӣ мебинад.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Хона бе розигии соҳибаш фурӯхта мешавад?”, “Кӯдаки ба ятимхона додашударо чӣ хел гирем?”, “Кӯдаки 6-соларо ба мактаб мегиранд?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти талхи зане таҳти унвони “Ишқи кулфатбори марди майзада” рӯи коғаз оварда шудааст, ки умре дар хонаи шавҳар хизматгорӣ кардаву билохира аз хиёнати шавҳар хабардор гардад ҳам, барои бахти худ мубориза бурда наметавонад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз фермаи Наимҷони Сайдалӣ то нашри “The end”-и Диловар” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии сарояндаи ҷавон Шаҳло Давлатова мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Вақте ки шикам об мегирад” пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД