new banner new years
Анонси шумораи №35 ҳафтаномаи “Оила”
1864

 Дар шумораи №35 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Амма ҷиянҳояшро зиндаятим карданист”, “Шавҳарам дар Русия бе кор асту ман ин ҷо хору зор”, “Дӯзахи шавҳар беҳ аз қошу қавоқи янга?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Қошуқ дар хоб”, “Шикастани ангуштарин шикастани бахт аст?” ва “Модари ҳомила дар хоб?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” посухи намояндагони дин ва ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

“Аз падар танҳо ситам дидам” дарди дили духтари бе модарест, ки бо ҳукми тақдир дар тарбияи падари майхорааш монда, азобу шиканҷаи зиёде мекашад. Хушбахтона, қиссаи мазкур анҷоми хуб дошта, модару духтар ба дидори ҳамдигар мерасанд.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Нархи давлатии маълумотномаи тиббӣ чанд сомонӣ аст?”, “Кӣ ҳаққи зӯроварӣ карданро дорад?”, “Духтари ноболиғро ба шавҳар диҳам?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти талхи зане таҳти унвони “Балои сурх” рӯи коғаз оварда шудааст, ки умре дар хонаи шавҳар хизматгорӣ кардаву билохира аз хиёнати шавҳар хабардор гардад ҳам, барои бахти худ мубориза бурда наметавонад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз ошкоргӯиҳои Шабнам то нашри “Куҷоӣ ту”-и Ёсамин” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов мутолиа карда метавонед.

Дар рубрикаи “Зебоӣ ва солимӣ” ба саволи хонанда таҳти унвони “Усулҳои табобатии халқии сари кал” ва мавод оиди нигоҳубини пӯсти рӯй “Ниқобҳо аз меваву сабзавот тирамоҳӣ” пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД