Formula novemver 2024
Анонси шумораи №33 ҳафтаномаи “Оила”
1847

 Дар шумораи №34 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед: 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Занамро дӯст намедорам, чӣ кор кунам?”, “Келинро ба ҳолаш гузоред, хушдоманҳо!”, “Шавҳаратонро ошиқи худ созед!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Кабӯтар дар хоб”, “Гиря кардан дар тӯй чӣ таъбир дорад?” ва “Бозор дар хоб чист?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар қиссае, ки дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома дарҷ гардидааст, рашки зане таҷассум гардидааст, ки ҳатто баъд аз марги шавҳар зани дуюм доштани ӯро бахшида наметавонад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” посухи намояндагони дин ва ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст.

“Дурӯғҳои “шохдор”-и ошиқ” дарди дили бонуест, ки ба марди аз худаш 15 сол хурд ошиқ мешавад, аниқтараш аз рӯи содагиву зудбоварӣ ба қавлу қасамҳои мард бовар мекунад. Баъдан маълум мешавад, ки ин мард фиребгар будааст ва дар анҷоми қисса муаллифи он барои ислоҳи вазъияти ба сараш омада аз хонандагони ҳафтанома маслиҳат мепурсад.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Чӣ хел аз писарам алимент гирам?”, “Келинам ба гирифтани хона ҳақ дорад?”, “Аризаи маро ба назар мегиранд?” ва “Аҳднома бастани ҳамсарон чӣ манфиат дорад?” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти талхи келине рӯи коғаз оварда шудааст, ки аз ҷабри пайвандони шавҳар ба ҷон омадаву билохира бо амри хусуру хушдоман шавҳараш талоқи ӯро медиҳад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳои ҷолибро аз олами шоу-бизнеси тоҷик таҳти сарлавҳаи “Аз бозхонии Соро то хислатҳои бади Фараҳноз” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии ду ҳунарманди шинохта, ки яке сарояндаи хушсадо Саидаи Сироҷиддин аст ва дигаре рақоссаи хушхиром Хайриниссо Ватанова суҳбати ҷолибу хотирмонро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

 

 

 

 



 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД