Дар шумораи №33 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Шавҳарамро духтарон дуздиданд”, “Аз писаронат намонӣ, мардак!”, “Духтар, ки бе падар монд...” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Гум кардани пойафзол дар хоб” ва “Худкушӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур “5 насиҳати ҳазрати Муҳаммад” дарҷ гардидааст.
“Ишқи сархӯр” қиссаи давомдор буда, аз зиндагиномаи ҷавоне навишта шудааст, ки бо кумаки зани пулдоре соҳиби зиндагии хубу шоиста мегардад. Ҳарчанд зан ҳамсинну соли модараш бошад ҳам, онҳо бо ҳам издивоҷ мекунанд. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи оянда мутолиа карда метавонед.
Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Баъди никоҳи мусулмонӣ ЗАГС мекунанд?”, “Фарзандонамро чӣ гуна баргардонам?” ва “Фарзандамро дида метавонам?” посух дода шудааст.
Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти зану шавҳари беморе рӯи коғаз оварда шудааст, ки бо дахолати атрофиён аз ҳам ҷудо мешаванд. Зан бахти худро ёфта, зиндагии хубе насибаш мегардад, вале марди бемору бе кас аз танҳоӣ азият мекашад.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Дарди ғарбӣ”-и Аҳлиддини Фахриддин то “Бас кун”-и Мадина Ақназарова” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз зиндагии шахсӣ ва фаъолияти эҷодии ду ҳунарманди ҷавону боистеъдод, ки ҳар ду фарзандони ҳунармандони шинохтаву хеле маҳбуби кишвар ҳастанд, Комилҷон Зарипов ва Лоиқ Холов мусоҳибаи кормандони ҳафтаномаро мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” “Зарар ва фоидаи офтоби тобистон” оиди нигоҳубини пӯсти рӯй дар фасли тобистон тавсияҳои муфид дода шудааст.
“7 сабаби бачапартоии зан” чунин унвон дорад маводи тиббӣ, ки сабабҳои асосии бачапартоии занро муайян сохтааст.
“Рӯзгори пурдарди сағерабача” бисёр қиссаи ҷолиб буда, сарнавишти пурмоҷарои ҷавонеро таҷассум менамояд, ки дар хурдсолӣ аз ҷабру ҷафои моиндар азобу шиканҷаи зиёде мебинад. Қиссаи мазкур давомдор буда, идомаи онро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!