Дар шумораи №33 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Акшай Кумар тарки Ҳиндустон мекунад? ” оиди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани хабаре, ки гӯё ҳунарманди ҳинд тарки кишвараш мекунад, савол ирсол намудааст.
Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Духтарам аз бероҳагӣ дарбадар шуд”, “Дубора шавҳар кунам”, “Дар хонаи шавҳар қадр надорам” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.
Қиссаи “Арӯс аз кӯча” дар бораи духтари як марди сарватманд аст, ки ба роҳи бад қадам мегузорад, вале баъди он ки падараш ӯро аз хона меронад, тақдир ӯро бо ҷавони хубе шинос намуда, ҳамхонаи ин мард мегардаду аз роҳи хато баргашта, зиндагии осоишта ба сар мебарад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.
Таҳти сарлавҳаи “Ҳамсояи шавҳардузд” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки шавҳараш баъди солҳои тӯлонии ҳамзистӣ ӯро бо зани дигаре иваз намуда, билохира ба ғазабу беилтифотии ҳамсараш гирифтор мешавад.
Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз қиссаи ҳаёти сангини сокини Деваштич то нашри “Бӯйи борон”-и Нигина Амонқулова” мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” дар бораи хабари ба Тоҷикистон омадани сарояндаи эронӣ Беҳном Бонӣ ва зебосанами турк Фахрия Эвҷенро аз хона пеш кардани хушдоманаш мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Табобати бемориҳои занона бо усулҳои халқӣ?” оиди сабабҳои бемории зикршуда, роҳҳои пешгириву оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!