Arzon march 2024
Анонси шумораи №32 ҳафтаномаи “Оила”
1723

Дар шумораи №32 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Падарам аз духтаронаш гурехт”, “Зиндагии мо ҳалол аст?”, “Духтари ғайбатчиро чӣ гуна ҷазо диҳем?” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Пойафзоли нав харидан дар хоб” ва “Зани ҳомила мошин хоб бинад, чӣ таъбир дорад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур маводи тарбиявӣ дар бобати он ки зану мард бояд чӣ гуна ҳамсафари ҳаётии худро интихоб кунанд, таҳти унвони “Роҳҳои интихоби ҳамсар” дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст. Дар ин шумора ба саволи “Барои фарзандхонӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?” ва “Ҳангоми фарзандхонкунӣ розигии кӯдак лозим аст” посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 6-уми ҳафтанома сарнавишти зане рӯи коғаз оварда шудааст, ки 16 сол қабл духтарчаи 3-солаашро дар деҳаи Чашмасори ноҳияи Файзобод гум кардааст ва то ба имрӯз боварӣ дорад, ки фарзандашро пайдо мекунад.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Ҳоли дил”-и Валиҷону Зулайхо то бозхонии “Фариштамоҳ”-и Баҳром Ғафурӣ” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи ҳунарманди хушсадо Зебо Нурова таҳти сарлавҳаи “Аз саҳна дуру ба дилҳо наздик будам”пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.

Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” “5 қоидаи пардози тобистона” оиди нигоҳубини пӯсти рӯй дар фасли тобистон тавсияҳои муфид дода шудааст.

“Арӯс аз партовгоҳ” бисёр қиссаи ҷолиб буда, сарнавишти пурмоҷарои мардеро таҷассум менамояд, ки бо зани русе оиладор шуда, дучори хиёнату беадолатӣ мегардад. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД