Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №32 ҳафтаномаи “Оила”
10.08.2022
ОИЛА
639

 Дар шумораи №32 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Абдурозиқ бо Салмон нақш мебозад? ” оиди дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани хабаре, ки гӯё ҳунарманди тоҷик дар филми Болливуд нақш мебозад, савол ирсол намудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Аз шавҳари занбозам ҷудо шавам?”, “Зани хусурам хонаамонро соҳиб шуд!” ва “Апаам ҷодугар нест, вале...” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Хушдоманам набераамро кушт” аз нақли марде рӯи коғаз омадааст, ки занашро дӯст дошта, оиладор мешавад, вале аз дахолат ва бадкориҳои хушдоманаш ҷонбезор шуда, оилавайрон мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Шавҳари пинҳонӣ” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки дар синни баркамолӣ бо ҷавонмарди аз худаш хурд оиладор шуда, зиндагии хушу хурсандона дорад, вале барои аз даст додани бахташ сахт метарсад.

“Аз зани ғар ғар бирӯяд” чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ ва сарнавишти як зане, ки бо сабаби бефарзандӣ фарзандони дигаронро ба воя мерасонад, вале дар дами пирӣ наметавонад модар будани худро эҳсос намояд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз хурсандии як оилаи дастнигар то рақсидани дилбари C.ONE ва AD AKA Dilovar мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунармандони ҳинд ва турк дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Нишонаҳои бемориҳои гурда дар кӯдакон ва наврасон?” оиди бемории мазкур ва оқибатҳои он маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД