Formula novemver 2024
Анонси шумораи №31 ҳафтаномаи “Оила”
1759

 

Дар шумораи №31 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

 

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Зани девона мешаваму зани ту не”, “Ҷиянам маро муфлис кард”, “Дар 20 сол боре занг назадӣ, падар?!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобнома таҳти унвони “Тавлиди писар дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Оташ дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар саҳифаи мазкур тақвими намоз барои моҳи август дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Ҳуқуқи ман” ба саволи хонандагон оид ба мушкилиҳои ҳуқуқии оилавӣ посухи мутахассисро пайдо кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз суруди нави Ёсамин то аввалин мусоҳибаи Basster” мутолиа намоед.

Дар қиссаи “Домоди ланг” сарнавишти духтаре дарҷ гардидааст, ки бо сабаби бемории модар ва бад будани вазъи зиндагияшон маҷбур мешавад, ки ба хотири табобат ёфтани модараш бо ҷавони пояш иллатдошта оила бунёд кунад. Қисса анҷоми нек дошта, хушбахтӣ ва саодати оилавиеро, ки зан аз ин издивоҷ интизор набуд, таҷассум менамояд.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Заҳролудшавӣ аз хӯрок” дар боби нишонаҳои заҳролудшавӣ аз хӯрок, роҳҳои кӯмак расонидан ва табобати бемории мазкур маслиҳатҳои судманд дода шудааст.

“Хостгорӣ” бисёр қиссаи ҷолиб буда, аз содагиву зудбовар будани ду рафиқ ва ҳамзамон маккору фиребгар будани рафиқи сеюм нақл мекунад. Қисса хеле ҷолиб буда, бори дигар ҳушдор медиҳад, ки инсон бояд зудбовар набошад.

Дар рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” мусоҳибаи Меҳрнигори Рустам таҳти сарлавҳаи “Хушрӯгии мардро тамошо карда мешинам?”пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД