Sebiston new 2024 october
Анонси шумораи №29 ҳафтаномаи “Оила”
1597

 

Дар шумораи №29 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кутоҳи хонандагонро таҳти унвони “Оминаи бевафо хор шуд”, “Моиндарам даъвои хона дорад”, “Аз ошиқи дугонаат даст каш!” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа дар рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Афтидани кӯдак дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Ба осмон баромадан дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Ҳоҷибибии беимон” чунин унвон дорад зиндагиномаи марде, ки дар ҷавонӣ ошиқ шуда, хилофи хоҳиши волидон оила бунёд мекунад ва завҷааш аз нармхислативу муҳаббати ӯ сӯистифода бурда, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо намеорад. Оқибат зан шавҳарашро дар дами пирӣ ба хонаи пиронсолони бесоҳиб бурда мепартояд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар ин саҳифа ба саволи хонанда оиди чандто будани китобҳои осмонӣ посух ва маълумоти дақиқ дода шудааст.

Дар қиссаи “Доғи номус” нақли зане рӯи коғаз омадааст, ки дар ҷавонӣ аз ҷониби як марди палиду нобакор таҷовуз мегардад. Қиссаи мазкур хеле таъсирнок буда, бори дигар духтаронро ҳушдор месозад, ки дар ҳама ҳолат ҳушёриро аз даст надиҳанд. Қисмати охири қиссаро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз роҳи мушкили Бахтиёр Аксакалов то қиссаи сангини як зани тоҷик” мутолиа намоед.

Дар рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Санги талхадон: сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат”, ва “Табобати бехобӣ бо асал ва ҷурғот” маводи тиббӣ дарҷ гардидааст.

Дар рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигор Одил Нозир оиди фаъолияти касбӣ ва зиндагии шахсии сарояндаи маъруф ва чеҳраи дурахшони эстрадаи тоҷик Файзигул Юсуфӣ таҳти унвони “Орзуи зиёрати хонаи Худоро дорам!” пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД