arzon replenishment
Анонси шумораи №29 ҳафтаномаи “Оила”
20.07.2022
ОИЛА
688

 Дар шумораи №29 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:

Дар рубрикаи “Овоза ва ҳақиқат” яке аз мухлисони доимии ҳафтанома бо суоли “Умеда Парсаева ба назди Абдурозиқ рафт? ” оиди фаъолият ва вохӯрии ду блогери тоҷик, ки айни замон берун аз Ватан қарор доранд, пурсон шудааст.

Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Бо кафгир сарамро кафонд” номаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки шавҳар ба сараш мушт мебардорад. Боз дар ҳамин гӯша номаи марди муҳоҷире дарҷ гардидааст, ки занеро дӯст медорад, вале як бор аз ӯ бевафоӣ дида, дигар боварашро гум кардааст.

Қиссаи “Ҳамсинфам занамро гирифт” дардномаи мардест, ки барои зану оилаи худ тамоми шароитро муҳайё карда, барояшон чизеро дареғ намедорад, вале ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштанаш занаш бо ҳамсинфаш унс мегирад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад. Боз дар ҳамин саҳифа хабарҳои кутоҳтаринро аз ҳаёти варзишгарони ҷаҳонӣ мутолиа карда метавонед.

Таҳти сарлавҳаи “Гунаҳкори бегуноҳ” қиссаи ҷавони ошиқе дарҷ гардидааст, ки маҳбубааш аз ӯ ранҷидааст ва мехоҳад тавассути ҳафтанома бе гуноҳ будани худро дар назди дӯстдоштааш собит намояд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои Ютуби тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта “Аз пайдошавии ШОН МС то маоши муҳоҷирон дар Британияи Кабир”-ро мутолиа намоед.

Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” чанд хабари кутоҳу ҷолиб оиди зиндагии шахсӣ ва фаъолияти ҳунарии ҳунарманди турк Алӣ Атай, ҳунарманди ҳинд Алия Бхат ва писари Митхун Чакраборти маълумот дода мешавад.

Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Дар тобистон сулфа шудани кӯдакон чӣ хатар дорад?” оиди оқибатҳои норасоии ин витамин маълумоти мухтасар ва дақиқ пешниҳод мегардад.

Дар рубрикаи “Асрори зебоӣ” инфографика оиди намудҳои пӯст ва фарқияти он маълумот пешниҳод гардидааст.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД