Гулбаҳор Шокирова: «Коронавирус» аввал модарамро аз по афтонид…
…-Беморон зиёданд, вале ман намедонам, ки онҳо гирифтори коронавирусанд ё не. Духтурон такудави зиёд мекунанд, вале бо вуҷуди ин, модарҷонам бемор аст, вазъияташон хеле бад аст. (мегиряд)
Суҳбати хабарнигори моро бо овозхони ансамбли «Дарё» Гулбаҳор Шокирова, ки ҳамроҳи модараш ба «коронавирус» гирифтор шудаанд, дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» хонед!
Орзуе, ки Савринисо Сабзалиева ба хок бурд
…Шояд ба хотири он ки ӯ дар Душанбе пайвандони зиёд надошт. Афсӯс, ки айни замон роҳҳо баставу писари ягонаву набера ва хоҳараш Соро дар ҷанозаи ӯ ширкат карда наметавонанд, зеро аз Маскав парвозҳо қатъ шудааст. Вале ман аз он гиламандам, ки имкон нашуд, ки мо-дӯстон бо ӯ видоъ гӯем…
Шакли пурраи мусоҳибаро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» ҷӯед, ёбед ва мутолиа намоед!
Хушдоманамро дар сари ҷойнамоз куштам
… Умрам ба домани шаст расидаву соҳиби келину домод, набераҳо гаштаам, аммо то ҳол оромиро эҳсос накардаам. Агар гӯям, ки хонаам ғамхона асту дилам шаҳри вайрона, бовар кунед. Ин ҳама баъди он сар шуд, ки ман хушдомани порсоямро куштам, бале куштам, аммо бе ҷазо мондам…
Донистан мехоҳед, ки чӣ шуд? Пас, шакли пурраи қиссаи мазкурро аз шумораи нави ҳафтаномаи «Оила» ҷӯё шавед!
Ҷазои зани фарзандфурӯш: чаро Сафина аз кори кардааш пушаймон нест?
… Абдуллоева Сафина бо ҳамзисташ Даминов Тоҷиддин ният карданд, ки кӯдаки сесолаи худро ба савдо гузоранд. Барои ин ба онҳо миёнрав лозим шуд. Барои иҷрои ин “вазифа” онҳо писарамаки Тоҷиддин Абдулҳамиди корчаллонро даъват карданд...
Матлабро муфассалтар аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» пайгирӣ намоед!
Шаҳроми Абӯбакр тарки саҳна карда, «бизнесмен» мешавад?
… Шаҳром мегӯяд, дар як вақт машғул шудан ба варзиш, фаъолият дар бонк, сабти суруду клипҳо ва нақшофарӣ дар филмҳо баъзан мушкилӣ пеш меоранд, вале инсон агар хоҳиш дошта бошад, ҳатман ба мақсад мерасаду муваффақ мешавад…
Аз бори нахуст бобо шудани Арнолд Швартсенеггер, навгонии Нигина Амонқулова дар таърихи шоу-бизнеси тоҷик то бозгашти дубораи Кибриё Раҷабова ба саҳна ва ба «коронавирус» гирифтор шудани навозандаи Шабнами Сурайё дар саҳифаи «Ситорарез»-и ҳафтаномаи «Оила».
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!