ЗАНАМ ГУНОҲ НАДОРАД, ОЧА!
...Модарам ин дафъа бароям зани духтур ёфт. Гулрез аз оилаи ботақво буду шаш бародар дошт. Хусуру хушдоманам ҳам инсонҳои хуб буданд. Гулрез ба беморхонаи модарам таҷрибаандӯзӣ меояду ӯ дилашро ёфта, келинаш мекунад. Гулрези меҳрубону ширинзабон тавонист дили маро ба зиндагӣ аз нав гарм кунад, ӯ то метавонист ҳам кори хонаро мекард ва ҳам аз давлатро, боз вақт ёфта, ба хонаи хоҳарам рафта, ба ӯ ёрӣ медод...
Шердил писархонди Наимҷони Сайдалӣ шуд?
...Вақте падару модари Шердил аз ҳам ҷудо мешаванд, падараш зани дигар мегираду модараш ба Русия меравад, то пул кор карда, фарзандонашро ба воя расонад. Баъди ба муҳоҷират рафтани модараш, Шердил аз бадгуфториву дағалиҳои моиндараш (яъне, зани дувуми падараш) ба ҷон расида, ба деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ, ба хонаи бибии модариаш мекӯчад. Ҳоло падари Шердил бемор аст ва ҳамроҳи зани дувумаш зиндагӣ дорад...
Асрори марги кенҷадухтар
...Латифа дувоздаҳ рӯз дар беморхона қарор дошт. Дар он ҷо бисёр азоб кашид. Беморон ӯро зада, аз мӯйҳояш кашола мекарданд. Вале Латифаро бисёртар азоби виҷдонаш ғам медод. “Кӣ будаму кӣ шудам” гуфта, зор-зор мегирист. Вақте ки бародаронаш ба хабаргирӣ омаданд, илтимос кард, ки ӯро дигар дар он ҷо намонанд. То ба хона расидан гиря карда, ба бародарон ваъда дод, ки минбаъд худро ба даст мегирад. Ӯро рост ба хонаи модарашон оварданд, то ки ҳамроҳи падарашон зиндагӣ кунад...
Саидаи Сироҷиддин: Саҳнаро қурбони оила мекунам, агар...
...Саида мегӯяд, баъди оиладоршавӣ шавҳараш нагузошт, ки дар рӯйи саҳна бошад ва сабаби як муддат хомӯш буданаш низ ҳамин аст. “Пеш аз тӯй розӣ буданд, аммо баъди тӯй иҷозат надоданд. Вақте вазъи саломатиам бад шуд, яъне зиёд фикр мекардаму ғам мехӯрдам, баъдан иҷозат доданд. Ҳоло кӯшиш мекунам, ки аз боварии шавҳарам набароям, вале агар боз шарт гузоранд, оиларо интихоб мекунам”,-илова кардааст Саида. Овозхон чанд сол қабл оиладор шуда бошад ҳам, дер соҳиби фарзанд шудааст...
Ашки талхи домоди фиребхӯрда
...Лекин ашкҳои беохири Ҳорун ҳеҷ ба ашки шодӣ монандӣ надоштанд ва касе ҳам нафаҳмид, ки чаро домод ашк мерезад. Чаро дар бари арӯсаки нозанин, ки дасти худро ба дасташ додаасту дар бараш қадам мегузорад, аз шодӣ намешукуфаду мотамзада гом мегузорад. Модари Ҳорун низ ҳангоми ба хонааш қадам гузоштани наварӯс писарашро сахт ба оғӯш гирифта, гиря кард. Ба хонаводаи арӯс бошад, тамошои ин қисмати филм ҳеҷ хушоянд набуд...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 11-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 17-уми марти соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!