Ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе Коференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Креосфера, иқлим ва захираҳои об: масъалаҳои кунунӣ ва ҳамкории байналмилалӣ” баргузор гашт, ки ба анҷоми Экспедитсияи Помир оид ба дарёфт ва таҳқиқи намунаҳои ях аз қаъри Помири Шарқӣ бахшида шуда буд.
Дар кори конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Бунёди Ice Memory, донишгоҳи Берн (Швейтсария), геофизик ва собиқ ҳамраиси IPCC Томас Ф. Штокер, директори Идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон хонум Денис Люти Кришан, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута, директори Институти Полярии Швейтсария Даниэл Род (онлайн), роҳбари лоиҳаи Pamir Project ва намояндагони ахбори омма иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки ин экспедитсияи нодири илмӣ бо иштироки олимон аз Тоҷикистон, Швейтсария ва Ҷопон дар доираи ҳамкории Институти Полярии Швейтсария ва Бунёди Ice Memory ташкил шуда, дар натиҷа, бори аввал дар таърихи минтақа, аз қаъри яхҳои ҳавзаи Каракӯл ду ядрои (намунаи) ях бо муваффақият берун оварда шуданд. Ин ядроҳои ях арзиши баланди илмӣ дошта, маълумотҳои гаронбаҳоро дар бораи таърихи иқлими ҳазорсолаи минтақа ва тағйирёбии шароити табиии он дар худ нигаҳ медоранд.
Бо ҳадафи ҳифзи ин мероси нодири иқлимӣ, яке аз ду намунаи ях барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳатто дар сурати дар оянда бар асари гармшавии иқлим об шудани яхҳои Помир, наслҳои ояндаи олимон таҳқиқотҳои илмиро идома дода тавонанд.
Зимни маросими супурдани аввалин ядроҳои ях аз ҷониби Тоҷикистон ба Ҷопон, барои интиқоли онҳо ба Антарктида барои нигоҳдории дарозмуддат таъкид шуд, ки супоридани ин намунаи яхи гаронбаҳои илмӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ рамзи ҳамкории илмии миёни кишварҳо ва масъулияти муштарак барои ҳифзи мероси иқлимӣ мебошад.