Formula novemver 2024
Ҷанҷоли интернетӣ бо куштор анҷом ёфт
525

 

 

Кормандони милитсия як ҷавони 18-солаи сокини пойтахтро бо иттиҳоми одамкушӣ дастгир намуданд. Лутфулло Раҳимов дар куштори ҷавони 20-солаи зодаи Ҳисор гумонбар дониста мешавад.

Аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино Раҳимов Лутфулло, сокини 18-солаи ш. Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст. Бино бар иттилоъи Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Раҳимов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо марҳум Мирзоев Шаҳром, сокини 20-солаи шаҳри Ҳисор баҳсу мунозира ва нофаҳмиҳои лафзӣ доштаанд. Нофаҳмиҳои байни ду ҷавон ба хусумату бадбинӣ табдил ёфта, рӯзи 5-уми декабри соли равон онҳо дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт бо ҳамдигар вомехӯранд ва якдигарро латукуб мекунанд. Гумонбаршаванда Раҳимов Л. Дар рафти моҷаро бо корди қаблан бо худ овардааш беш аз 8-маротиба ба узвҳои гуногуни Мизоев Шаҳром зарба зада, қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум намудааст.

Айни замон Раҳимов Л. дар ҳабс қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД