Sebiston new 2024 october
Ҷанҷоли ҷавонон якеро ба гӯристон бурду 6 нафарро ба кунҷи зиндон
479

Ҷанҷолу занозании як гурӯҳ наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе оқибатҳои фоҷиаборро дар пай дошт. Бар асари ин моҷаро 1 ноболиғ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ин ҳодисаи нохуш дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт рӯй дода, як гурӯҳ ҷавонон байни худ ҷанҷол ва занозанӣ кардаанд. Дар рафти моҷаро 1 ноболиғ аз захми корд ба ҳалокат расида, 2 ноболиғи дигар захмӣ шудаанд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, дар пайи ин моҷарои хунин аз ҷониби кормандони милитсия як ҷавони 21-солаи сокини пойтахт боздошт шудааст, ки дар ташкил кардани занозанӣ ва 3 ноболиғро корд задан гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавони 21-сола бо корди хурди кисагӣ - финка ба ноболибғон ҳамла карда, 3 нафарро захмӣ кардааст.

Мутаассифона, яке аз ноболиғон аз захми корд ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар бо захми корд дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” қарор доранд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби кормандони милитсия 6 нафар ҷавонону наврасон дар робита бо ин ҷанҷоли хунин дастгир карда шудаанд. Нисбати боздоштшудагон бо моддаҳои 110 («Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 237 («Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Тибқи моддаи аввал ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол муқаррар шудааст. Барои авбошӣ бошад, аз 7400 то 14800 сомонӣ ҷарима ё ҷалби муҷрим ба корҳои маҷбурӣ ба муҳлати аз 60 то 120 соат пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД