Анита Сой, овозхон, оҳангсоз ва ровии 50-солаи руси куриёитабор соҳиби унвони фахрии Ҳунарманди халқии Федератсияи Русия шудааст. Хабаргузории “Новости”-и Русия иттилоъ медиҳад, ки Президенти Русия Владимир Путин бо имзои як фармон ба чанде аз ҳунармандони собиқадор унвони фахрии Ҳунарманди халқии Федератсияи Русияро додааст.
“Барои хизматҳои бузург дар соҳаи санъат ба Сой Анита Сергеевна, овозхон-яккасаро, узви Раёсати Иттифоқи байналмилалии кормандони санъати эстрада унвони фахрии “Ҳунарманди халқии Федератсияи Русия” дода шавад”,-омадааст дар фармони Владимир Путин.
Ҳамчунин, тибқи фармони Президенти Русия, Вазиев Махар Ҳасанович, роҳбари қисми балети Театри калони шаҳри Маскав, Дворжетская Нина Игоревна, ҳунарпешаи Театри академии ҷавонони Русия ва Илин Андрей Епифанович, ҳунарманди Театри академии ба номи Евгений Вахтангов низ дар баробари Анита Сой унвони фахрии Ҳунарманди халқии Федератсияи Русияро барои хизматҳои шоёнашон дар рушди санъату фарҳанг ба даст овардаанд.
Анита Сой то ин дам Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Федератсияи Русия (2003) ва Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Русия (2017) буд.