Салом! Ман аз анҷир қимоб нестам, вале хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар умрам ягон бор ин меваро ба даҳонам набурдаам. Модарам мудом барои ин корам маро сарзиниш карда мегӯянд, ки ба ҷойи ҳар хел хӯрданиҳои пур аз маводҳои кимиёвӣ, ки ба саломатӣ зарари зиёде доранд, анҷир хӯрам. Ба гуфти модарам он бисёр фоиданок будааст. Магар дар ҳақиқат чунин аст? Илтимос дар бораи манфиатҳои анҷир каме маълумот диҳед!
Посух
Дар ҳақиқат меваю сабзавот манбаъи витамин ва минералҳо буда ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде доранд. Аз ҷумла анҷир чунин хусусиятҳо дорад:
- Пӯчоқи анҷир микроорганизмҳои зарарнок, кирм, пӯпанак ва заҳрро аз ҷисм тоза мекунад.
- Тухми анҷир бактерияҳои касалиовар, вирус ва замбурӯғро нобуд месозад.
- Дилаи анҷир пардаи луобии рӯдаҳоро маҳс карда, масуниятро дар меъдаву рӯда барқарор месозад.
- Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки анҷир баъзе намудҳои саратонро дар таркиби ҳуҷайраҳо нест мекунад.
- Калий, ки дар таркиби анҷир вуҷуд дорад, ба кори дилу рагҳои хунгард таъсири мусбӣ расонида, хатари гирифторшавӣ ба инфаркт, инсулт ва варикозро кам мекунад.
- Дар таркиби анҷир ферменти фитсин вуҷуд дорад, ки хунро тунук намуда, таппиши дилро ба эътидол меорад.