Сарояндаи маъруф Ани Лорак рӯзи 11-уми сентябр дар гала-консерти бузурге, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ мекунад.
Дар ин барномаи байналмилалӣ ҳамчунин ситораҳои шинохтаи мусиқии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигар иштирок мекунанд. Гала-консерт дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуда, хусусияти хайриявӣ дорад.
Ани Лорак яке аз чеҳраҳои шинохтаи мусиқии поп дар фазои пасошуравӣ ба ҳисоб меравад. Номи аслии ӯ Каролина Мирославовна Куек буда, 27-уми сентябри соли 1978 дар шаҳри Китсмани вилояти Черновитси ба дунё омадааст. Ӯ аз овони наврасӣ ба мусиқӣ рӯ оварда, дар 14-солагӣ нахустин шартномаи касбии худро ба имзо расонидааст. Номи саҳнавии «Ани Лорак» соли 1995 пайдо шудааст. Вақте Каролина барои иштирок дар озмуни телевизионии «Утренняя звезда» ба Маскав омад, маълум шуд, ки иштирокчии дигаре бо номи Каролина аллакай сабтином шудааст. Аз ин рӯ, номи «Каролина»-ро баръакс хонда, тахаллуси Ани Лорак интихоб шуд. Соли 1996 нахустин албоми ӯ бо номи «Хочу летать» нашр гардид ва баъди он фаъолияти касбии сароянда босуръат рушд кард.
Шуҳрати байналмилалии Ани Лорак махсусан баъди озмуни «Евровидение-2008» бештар шуд. Ӯ дар Белград бо таронаи машҳури «Shady Lady» баромад карда, бо касби 230 имтиёз мақоми дуюмро гирифт. Танҳо Дима Билан, намояндаи Русия аз ӯ пеш гузашт. Ин баромад то имрӯз яке аз муваффақтарин саҳифаҳои фаъолияти ҳунарии Лорак маҳсуб мешавад.
Дар тӯли фаъолияти чандинсолаи худ Ани Лорак даҳҳо тарона ва чандин албом пешниҳод кардааст. «Солнце», «Зажигай сердце», «Разве ты любил», «За мечтой», «Я Жива» ва «Остров» аз ҷумлаи албомҳои маъруфи ӯянд. Ӯ дар жанрҳои поп, поп-рок, соул ва мусиқии рақсӣ фаъолият карда, консертҳои худро бо намоишҳои саҳнавии бузург, хореография ва ороиши махсус ҳамроҳ мекунад.
Гала-консерти Душанбе 11-уми сентябр соати 19:00 дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз мешавад. Дарҳои варзишгоҳ аз соати 18:00 боз хоҳанд шуд. Нархи чиптаҳо аз 300 то 800 сомонӣ муқаррар шудааст ва маблағи ҷамъшуда аз фурӯши онҳо ба корҳои хайриявӣ равона мегардад. Ташкилкунандаи чорабинӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон шудааст.
Дар баробари Ани Лорак, дар саҳна Юлдуз Усмонова, яке аз маъруфтарин сарояндаҳои Ӯзбекистон, овозхони тоҷик Шабнами Сурайё, ситораи эстрадаи Афғонистон Ориёно Саид, овозхон Navai, гурӯҳи эронии Ehaam ва сарояндаи ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, шаби 11-уми сентябр Душанбе мизбони яке аз бузургтарин барномаҳои мусиқии идонаи имсол хоҳад шуд.