Arzon march 2024
Ангуштарини шикастагӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
1416


Салом! Ман имшаб хобе дидам, ки табъамро бисёр хира гардонд. Як одами наздикам дар хобам ба ман ангуштарини тиллоии шикастагие дода, хоҳиш кард, ки онро бурда фурӯшам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.
M.
Посух
Ангуштарини шикастагӣ дар хоб рамзи ноумедӣ дар зиндагист. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, дар ҳаёташ мушкилиҳо сар зада, муносибаташ бо одамони наздикаш вайрон шуда метавонад. Касе, ки чунин хоб мебинад, бояд кӯшиш кунад, ки дар ҳама ҳолат худро ба даст гирифта, навмед нашавад ва ҷангу ҷанҷол карда, дили дигаронро озор надиҳад. Агар сабӯр бошад, мушкилиҳо худ ба худ ҳал шуда, боз дар ҳаёташ рӯзҳои пур аз шодию фараҳ оғоз меёбанд ва хушбахту комёб мегардад, аммо...
Таъбири хоб ба синну сол ва ҷинсияти шахси хобдида низ алоқамандӣ дорад. Духтари ҷавон ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, шахсе, ки дӯсташ медорад, ба ӯ хиёнат карда, дилашро мешиканад.Чунин хоб метавонад як навъ огоҳӣ низ бошад, ки дар атрофи духтар одамони ҳасуд зиёданд ва мехоҳанд иғво ангехта, ӯро бо ёраш ҷанг андозанд ва ҷудо кунанд.
Аммо зани калонсол ангуштарини шикаста хоб бинад, ошиқи хирае пайдо мешавад, ки ӯро ба ғазаб хоҳад овард. Зане, ки чунин хоб дидааст, агар худро ба даст гирифта, аҳамият надиҳад, ошиқи хира баъди чанд вақт худ аз худ аз ҳаёташ гум мешавад.
Зани шавҳардор агар ангуштарини шикаста хоб бинад, байни ӯ ва ҳамсараш барои дупула гап баҳсу мунозира сар зада, бовариро нисбат ба ҳамдигар аз даст медиҳанд.
Духтари дар фотиҳа буда ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, номзадаш ӯро ба марди дигар рашк мекунад. Духтар бояд эҳтиёт бошад ва ҳар қадами худро дониста гузорад, то бо дасти худаш ба решаи ниҳоли бахташ табар назанад.
Марди ҷавон ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, ба зани шавҳардоре ошиқ мешавад. Ин хоб рамзи оқибати хуш надоштани муносибатҳои ошиқонаи онҳост, бинобар ин, хуб мешавад,ки аз ин ишқ сари вақт даст кашад.
Марди калонсол ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, дар чойи кораш ягон мушкилӣ сар мезанад.
Марди оиладор ангуштарини шикастагӣ хоб бинад, бояд нисбати ҳамсараш меҳрубонтар шавад, то ки душманонашон оилаи ободи онҳоро бо туҳмату бӯҳтон вайрон насозанд.
Ҷавони муҷаррад чунин хоб бинад, муносибаташ бо духтари дӯстдоштааш вайрон шуда метавонад, бинобар ин, ҷавон бояд забонашро нигоҳ дорад ва ҳарфи ноҷое назанад, ки боиси озори дили духтар гашта метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД