sebiston july new
Ангур ва гашнич дар хоб чӣ таъбир дорад?
4029


Хоб дидам, ки токи ангур шинондаам ва он дар як лаҳза сабзида, пур аз ангур шудааст. Дар таги ангур як пали пур аз гашничи сабз буд. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Посух

Ангур дар хоб рамзи боигарӣ, зиндагии серу пур ва хушбахтӣ аст. Мард хоб бинад, ки ангур шинонда истодааст, дар ҳаёташ ҳодисаи хурсандиоваре рӯй дода, ишқи ҳақиқиро пайдо мекунад ва зиндагиаш саршор аз меҳру муҳаббат гашта, лаззати шаҳду шириниҳои умрро мечашад.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки шинондани токи ангур дар хоб разми гарму ширин шудани муносибатҳои оилавии зану шавҳар ва боровар гаштани нахли умру соҳиби фарзанд гаштани ин оила мебошад.

Кас токи пур аз ангур хоб бинад, аз ягон одами наздик ё шахси дӯстдоштааш тӯҳфаи аҷиби ғайриинтизор мегирад, вале ангури хом хоб дидан чандон хуб нест.

Чунин хоб як навъ огоҳӣ мебошад, ки шахси хобдида пеш аз қабул кардани ягон қарори қатъӣ дар зиндагӣ бояд сад бор фикр карда, баъд хулоса барорад, то ба хато роҳ надиҳад.

Токи бе барг ва бе ҳосилро хоб бинед, дар асл зарари моддӣ мебинед, вале ток пур аз хӯшаҳои ангур бошад, корҳоятон барор гирифта, даромади калони пулӣ ба даст меоред, орзуи деринаатон ҷомаи амал мепӯшад ё ягон ҳодисаи дигари хурсандиовар дар ҳаёти шумо рӯй дода, шод мешавед.

Дар хобатон касе ба шумо хӯшаи ангур дароз кунад, дар асл бо шахси номдоре шинос мешавед, ки барои соҳиби мансаб гаштан ва баланд шудани мақоматон дар ҷомеа ба шумо ёрӣ мерасонад. Чидани хӯшаи ангур дар хоб рамзи хушбахтӣ мебошад.
Зан ангур хоб бинад, харидоронаш зиёд шуда, ба шавҳар мебарояд.

Дар маҷмуъ тамоми намудҳои ангури сабзранг дар хобномаҳо ҳамчун нишонаи хушбахтӣ, барори кор ва мувваффақиятҳои шахси хобдида таъбир карда шудаанд, аммо ангури сиёҳ ва сурх дар хоб чандон хуб набуда, рамзи ғаму дард ва оби дида рехтани шахси хобдида будааст.
Кабудӣ дар хоб нишонаи ҳаёти хушбахтона ва умри дароз мебошад.

Касе, ки чунин хоб мебинад, муносибатҳояш бо дӯстону назлдикон ва хешу табор мустаҳкамтар шуда, тамоми корҳояш барор мегиранд ва ба чи коре, ки даст назанад, бахту барор ба ӯ ёр гашта, муваффақият ба даст меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД