Sebiston new 2024 october
Ангур санги гурдаро меафтонад
09.10.2024
Оила
806

Ангур санги гурдаро меафтонад

Табибон аз донаки ангур як қатор дорувориҳое омода месозанд, ки барои беморони дарди меъда, мушкилоти ҳозима ва гурда даво аст. Истеъмоли ангур пешобро зиёд намуда, фаъолияти гурдаҳоро ба танзим медарорад. Ин меваи лазиз ба афтидани санг ва қумҳои дар гурда ҷамъшуда ёрӣ мерасонад.

Ангур хусусиятҳои зиёди табобатии дигар низ дорад. Пеш аз ҳама он хазинаи бузурги энергия мебошад. Ҳамарӯза хӯрдани ангур боиси зиёд шудани қувваи бадан ва беҳтаршавии қобилиятҳои зеҳнии одам мегардад.

Ангур барои зиёд гаштани хун дар вуҷуд нақши муҳимро мебозад. Он ҳамчунин моддаҳои токсикии дар бадан ҷамъшударо хориҷ мекунад. Ин мева боиси поён шудани фишори хун мешавад, ҳамчунин дар табобати бемориҳои тарбод (ревматизм) ва илтиҳоби буғумҳо, захми меъда (язва), бемориҳои ҷигар ва сипурз; табобати қабзи меъда, дилбеҳузурии занони ҳомиладор муассир аст.

Ангур дилро қувват бахшида, боиси тоза гардидани хун дар бадан мегардад ва пӯстро тароват мебахшад. Ҳангоми беморӣ истеъмол намудани ангур раванди шифоёбиро суръат бахшида, сабукӣ меорад.

Таркиби ангур ғанӣ аз витаминҳои А, В1, В6, С, калсий ва фосфор аст.

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД