Андоз аз воситаҳои нақлиёт боло рафт. Тавре Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар додааст, боло рафтани андоз аз нақлиёт ба ворид карда шудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 360-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон рабт дошта, ба тамоми воситаҳои нақлиёт дахл дорад.
Акнун соҳибони мошинҳои сабукрави қудрати муҳаррикашон то 250 қувваи асп барои ҳар як қувваи асп 9 сомонӣ, аз 250 то 350 қувваи асп 11, 25 ва бештар аз 350 қувваи асп 15 сомонӣ андоз месупоранд. Агар шумо мошини тамғаи Mercedes-Benz C-класс дошта бошед, ба ҷойи 878 сомонии пештара акнун 1 404 сомонӣ андоз месупоред.
Барои автобус ва мошинҳои боркаш 37-77% бештар андоз ситонида мешавад. Андоз аз мошинҳои боркаши то 20-тоннагӣ 37%, аз 20 то 40 тонна 11,1% ва бештар аз 40 тонна 38% боло рафтааст.
Шахсоне, ки мошинҳои сабукрави электронӣ-электромобил доранд, аз андози муқаррарӣ барои ҳар як кВТ 50% камтар андоз месупоранд.