Sebiston new 2024 october
АНДЕША: КЕЛИН АЗИЗТАР Ё ГОВ?
6223

 

Чанде пеш ба хонаи духтартағоям барои хабаргирии ӯву духтарчааш рафтам. Бо Соҷида хеле суҳбат кардем. Дар омади гап дар бораи ҳамсинфонам пурсидам. Соҷида афсӯсхурон гуфт:

- Медонӣ бо Манижа чӣ гап шуд?

- Кадом Манижа?

-Манижаи хушрӯяк. Ҳамсинфамон буд-ку!

Хавотир шуда пурсидам:

- Не, чӣ гап шуд? Ӯ сиҳат саломат аст?

- Сиҳату саломат, лекин…,- Соҷида давоми гапашро гӯё фурӯ бурда бошад, забон хоида монд.

Ташвишам зиёдтар шуда пурсидам ман:

-Ошкортар гап зан!

Соҷида оҳи сарде кашида ба нақли ҳодисаи рухдода пардохт. Маълум шуд, ки ду-се ҳафта пеш ба Манижа аз ҳамсояқишлоқ хостгор омадааст. Манижаро зеботарин духтари деҳа гӯям хато намешавад, чунки дар ҳусну ҷамол ҳамто надорад. Абрӯвони ғафси чун шом сиёҳу мӯйи аз хами зону поён фаромадааш дили ҷиддитарин ҷавонро ҳам моили худ мегардонад. Чандин бачаҳои номдор Манижаро талабгор шуда буданд, вале волидони духтар ҳамаашонро ноумед гардонданд. Намедонам, чӣ шуду чӣ монд, ки модараш ба он зани ношиноси аз ҳамсояқишлоқ хостгорӣ омада розигӣ дода, Манижаро рӯймолдарон кардааст. Шояд холаи Майсара ба он хотир розигӣ дода бошад, ки духтараш дар ҳамсояқишлоқ зиндагӣ карда, тез- тез ба дидорбиниаш биёяд.

Хулоса, Манижаро ба писари он зан дода, модари Манижа ба модари домодшаванда мегӯяд, ки агар имкон дошта бошанд, як гову 20 кг биринҷ ва 10 литр равған биёранд. Тӯйро баъди ид мондаанд.

Модари домодшаванда хуб гуфта, мераваду холаи Майсараю ҳамсараш ба умеди он ки шаб қудозан бо шавҳараш омада рӯзи аниқи тӯйро муайян менамоянд, раиси маҳалла ва мӯйсафедони ба обрӯйи деҳаро даъват мекунанд. Бегоҳ раиси маҳалла ҳамроҳи мӯйсафедон ба хонаи амаки Ҳусейн меравад. Хеле мешинанд, аммо аз хостгорҳо дарак намешавад. Азбаски намози хуфтан дер мешуд, онҳо омин карда мехезанд.

Баъди 10 дақиқаи рафтани раиси маҳалла он зан бо қавоқи гирифта вориди хонаи холаи Майсара гашта, лаганди болои сарашро пеши холаи Майсара мегузораду мегӯяд:

-Чизҳои додаатонро гиреду кулчаю қанди овардаамро баргардонед. Мову шумо қудо шуда наметавонем!

-Аз шунидани ин гап сари холаи Майсара гаранг шуда, ҳайрон мепурсад: - -Ягон кас ба шумо дар бораи ман ё духтарам ягон гапи бад гуфт?

- Не, нагуфту…

Амаки Ҳусейн, ки баҳси занашро бо қудозан мешунид, ба шӯр омада дод мезанад:

- Чӣ лекин?! Гапатонро нахоида гап задан гиред!

-Духтари шумо бисёр қимат будааст,-мегӯяд қудозан. -Зӯри мо ба гов намерасад, барои ҳамин омадам, ки фотиҳаро гардонам.

Амаки Ҳусейн дигар тоқат накарда ба сари занаш дӯғ мезананд:

- Занаки беақл, магар ман ба ту нагуфта будам, ки бо ин кампир ҳатто даҳан ба даҳан нашав. Нияти келинкунӣ медоштанд, шавҳараш, марди хонадон хостгорӣ меомад. Ҳамааш айби ту! Чаро напурсида розигӣ додӣ?!

«Қудошаванда» бо тамасхур ба ҷанҷоли Ҳусейну занаш менигарист. Рафтори зани шаттоҳ ғазаби падари Манижаро оварда мегӯяд:

- Шумо шири одам нахӯрда будаед! Наход қадри як гов аз қадри инсон баланд бошад?! Манижаи мо моҳ барин духтару фаришта барин инсон аст. Тамоми ҷавонон ҳаваси духтари маро мехӯранд, шумо бошед, аз неъмати худодода ношукрӣ намуда, қадри говро аз инсон боло гузоштед. Шавҳарат, агар одам мебуд, омада ба хубӣ мегуфт, ки шароити гов овардан надорам, ман худам ҳамон говро мехаридам! Магар намедонед, ки аз фотиҳа гаштан чӣ қадар хосияти бад дорад?! Тез аз назарам гум шав, ки рангу рӯятро набинам!

Ана ҳамин тавр Манижаро дар як рӯз фотиҳа карданду барои як гов шуда, худи ҳамон рӯз аз фотиҳа гардониданд,-нақлашро ба охир расонд Соҷида.

Аз шунидани ин хабари даҳшатбор дар худ печидам. Худоё, наход қадри як гов аз қадри инсон баланд бошад?! Наход гул барин духтар ба 500 доллар наарзад?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД