Аҷаб дунёе, намедонӣ ба кӣ бовар кунӣ…
Одамгарӣ, виҷдон, имон, хешутаборӣ ва ҳамсоядорӣ кайҳо дунёро тарк кардааст, ёдашон ба хайр! Мехоҳам ин ҷо қиссаи зиндагии апаамро биёрам, ки хеле дарднок аст.
Меҳрубони хоҳар
Мо дар оила ду духтару чор писарем, аввал бародаронам, баъд апаам ман духтари кенҷагии оилаамон ҳастам. Ман баъди шашсолагии апаам ба дунё омадаам, модарам мегӯяд, ки бемори фишорбаландӣ азобам медоду духтурон таваллуд намуданро бароям манъ карданд. Аммо апаат, аз рӯзи забон баровардан хоҳиш мекард, ки очаҷон барои ман аз магазин хоҳарак харед. Модарам, ки худаш хоҳару апа надораду байни шаш бародар духтари ягона аст, ба хотири апаам ҷонашро ба хатар монда, ҳомиладор мешавад ва маро ба дунё меорад. Ману апаам аз ҳамдигар ҷудоӣ надоштем, аз рӯзе, ки худро ёд дорам, ӯ меҳрубони ман буд. Бародаронам бо навбат хонадор шуда, хонаи падариро тарк мегуфтанд, бародари хурдиямонро зан додему барои апаам низ хостгорони зиёде меомаданд. Падару модарам хостгорони як хеши дури янгаи калониямро пазируфтанд, зеро медонистанд, ки ҷавон донишгоҳро хатм карда, дар пойтахт ҷойи кору хонаву дар доранд. Апаҳакам нав мактабро хатм карда буд, қомати баланд, чеҳраи шир барин сафед, мӯйҳои зардранги ҳалвоӣ, чашмони кабуди дарёӣ, хулоса зебосанамеро мемонд. Домод ҳам ба як дидан ошиқи ӯ шуда будааст, ӯ Фаридаро ҳамроҳи янгаам дар бозор дидаасту дил аз даст дода, волидонашро ба хостгорӣ мефиристад.
Ҷудоӣ аз апа
Баъд аз гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯй рӯзи тӯйро аниқ карданд, ҳама хурсанду бо табъи болида буданд, фақат ман зиқ будаму диламро сагон тала мекарданд. Рӯзи тӯй он қадар гиристам, ки апаамро набаред, ман бе апа чӣ кор мекунам… Дили домод ба ман сӯхту бо лаби хандон маро бағал карда, ба мошин шинонд, тамоми тӯй ман ҳамроҳи онҳо будам, танҳо шаб вақте хобам мебарад, акаву янгаам маро ба хонаашон меоранд. То чанд вақт мегиристам, баъдҳо ба ҷудоӣ одат кардам, аммо зуд-зуд ба хабаргирии апаам мерафтам. Баъди як соли бо хусуру хушдоманаш будан, апаам ба пойтахт кӯч баст, акнун ман моҳҳо рафта, дар хонааш зиндагӣ мекардам ва язнаамро низ аз бародарони худам кам намедонистам. Яънаам ду апа дошту хоҳар не ва маро эрка мекард чун хоҳараки хурдияш, ман низ акаҷон нидояш мекардам. Бо дахолати язнаам, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудаму онро хатм намудам, язнаам дар мансаби баланд кор мекарду ҳар субҳ аввал маро ба донишгоҳ бурда, баъд худаш ба кор мерафт. Апаам язнаамро дӯст медошт, иззату ҳурмати хусуру хушдоманашро дар ҷойи аввал мегузошт. Зани раис бошад ҳам, ҳар тобистон ба деҳа рафта хизмати хусуру хушдоманро мекард, хулоса як оилаи хушбахт ва намунавие буданд. Ду писараки нозанинашонро тарбия мекарданд. Язнаам аз хонаи панҷҳуҷрагияшон ба ҳавлии сеошёнаи барҳавое кӯч бастанд ва он ҷо ман бахтамро ёфтам.
Ҳамсояхоҳар
Апаам бо ҳамсояҳояш зуд унс гирифт, ман бою бадавлатам гуфта, каттагӣ намекард ва ҳамин одаташ одамонро ба вай ҷалб мекард. Панҷ хона болотар аз ҳавлии апаам як ҳамдеҳаи язнаам зиндагӣ мекард, онҳо дар деҳаи дигар калон шуда бошанд ҳам, волидайни маро хуб мешинохтанд. Ҳамин оила барои писари калонияшон, ки донишгоҳро хатм намуда, дар бонк кор мекард, маро хостгорӣ карданд ва падару модарам ризо шуданд. Ба қавли модарам «Тут ба муроди дили апаам пухт» ва ман ҳамсояи ӯ шудам. Шавҳарам ду апа дошт, ки кайҳо шавҳар карда рафта буданд, хусуру хушдоманам маро чун духтари худашон қабул намуда, хеле дӯстам медоштанд. Бо гузашти як сол соҳиби писарча шудам, апааму язнаам ҳамоно аз аҳволам бохабар буданду шавҳарамро низ мисли писарашон дӯст медоштанд. Писарони апаам яке синфи даҳ, дигарӣ синфи ҳашт мехонданд, ки Худованд ба апаи нозанину хушдили ман духтараки заркокуле ҳадя намуд. Ростӣ, аз тақдири додаи Худо шукрона мекардам, зеро ҳамсояи апаам будам. Зиндагии гуворое доштем, хушдоманам бо апаам мисли апаву хоҳар буданду як пиёла чойро бе ҳам намехӯрданд, шояд чашми бад расид, ки…
Беморӣ
Як рӯз язнаамро бо таби баланд аз ҷойи кораш ба беморхона бурданду ҳамаамон талхакаф шудем. Духтурон беморияшро шамол хӯрдани шушҳо ташхис намуданд, он кас дувоздаҳ рӯз дар беморхона табобат гирифтану навбати дуввуми табобатро дар хона мегирам гӯён, баёнот навиштанд. Дар хона ҳамаамон дар гирди сараш парвона будем, хушдоманам барои гузаронидани чакраву сӯзандоруҳояш духтурзанеро аз кӯчаи ҳамсоя тавсия дод. Хушдоманам Сабзагулро таърифи зиёд карда, дасташро сабук гуфтанду илова намуданд, «бечора шавҳар надорад, ду кӯдакро бе падар ба воя мерасонад, савоб мегиред». Сабзагул дар беморхонае кор мекарду ҳар саҳар пеш аз кор рафтан ва ҳар бегоҳ пас аз кор омада, язнаамро табобат мекард. Апаи бечораам барои Сабзагул ғайри пул, қанду қурсу хӯрокворӣ низ медод. Гаштаю баргашта такрор мекард, ки «апаҷон, минбаъд шумо духтури оилавии мо!» Сабзагули қоқи дарози сиёҳ, ки мӯйи тунуки сарашро ҳазору як нағма карда, бисёр нишон медод, бо табассум майлаш-майлаш мегуфт. Язнаам сиҳат шуду ба кор баромад ва Сабзагул дар оилаи мо одами худӣ шуда монд.
Давом дорад