Падару модарам 14-сол пеш бо Светлана ном зани рус ҳамсоя буданд. Мани кӯчак бо писари Светлана Макс ҷӯраи ҷонӣ будам. Рӯз то бегоҳ дар хонаи онҳо бозӣ мекардем ва якҷоя ба сайругашт мебаромадем. Модари Макс барои писараш чизе харад, ҳатман ба ман ҳам мехарид.
Сари модарам аз меҳрубониҳои ҳамсоязан ба осмон мерасид. Ҳамин тавр шаш сол ба қавле як мавизро бо ҳамдигар хӯрдему баъд оилаи Максино ба Русия кӯчиданд. Хешовандони модараш онҳоро ба шаҳри худашон даъват намуданд. Рӯзи рафтан Макс маро оғӯш карда гирист. Пас аз рафтани ҷураам Макс дунё дар назарам якбора холӣ шуд. Дурии дӯстам барои ман сахттарин зарбаи тақдир гашта, аз гулӯям чизе намегузашт. Модарам хавотир шуда маро ба беморхона бурд. Табибон дар саломатиам ягон иллат наёфта, гуфтанд, ки кӯдак аз чизе сахт ба ҳаяҷон афтида ба чунин ҳол гирифтор шудааст.
Хуллас, солҳо турнасон гузаштанду ман мактабро бо сари баланд хатм карда, азми сафари Русия намудам. Падарам, ки дар маскав дар як завод кор мекард, маро ба наздаш даъват намуд. Аввал кори завод дар назарам бисёр душвор менамуд, вале рафта –рафта одат кардам. Кори мо дар се баст ҷараён мегирифт. Рӯзе аз басти якум баромада истода будам, ки чашмам ба як ҳамсоязан афтид. Занак дар рӯ ба рӯи мо зиндагӣ мекард ва тамоми анҷоми хонаашро ба берун кашонда ба мошини калоне бор мекард. Ҳайрон шуда пурсидам: «Переезжаете?” Зан хастаҳолона қоматашро рост карда ҷавоб дод: “Да, переезжаем в Питер. Уже продали квартиру, с завтрашнего дня здесь будут жить новие хозяева!” Худоҳофизӣ намуда ба иҷорахонаамон даромадам. Субҳ вақти ба кор рафтан дӯсти айёми бачагиам Максро вохӯрдам, ки оҳиста-оҳиста аз зинапоя ба боло мебаромад. Аз диданаш чунон шод гаштам, ки гӯё баногоҳ кони тилло ёфта бошам. “Макс ин туӣ?!” гуфта сӯяш оғӯш кушодам. Солҳо ҳамдигарро надида бошем ҳам, Макс маро дарҳол шинохта, гарм дар оғӯш гирифт. Аз пасаш модараш Светлана баромад ва маро дида оби дида рехту фарзандам гӯён аз рухсораҳоям бӯсид. Падарам низ аз дидани ҳамсояҳои қадрдонаш хурсанд гашт. Мақсади нома нигоштанам он аст, ки одамон ба қадри нону намак ва ҳамсоягӣ бирасанд. Ҳамсояи хуб дар ғарибӣ ҳам аз хеши бемеҳр беҳтар аст!
Сайёд, аз кӯчаи Серкови ш Масква