Commerc banl
Ҳамсар ва келини Хоманаӣ бар асари ҳамлаҳо ба шаҳодат расидаанд
03.03.2026
Oila.tj
154

Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ва Амрико ба Эрон дар баробари худи роҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманаӣ ҳамсар, духтар, домод, набера ва келинаш низ ба ҳалокат расидаанд.

Мастура Хуҷаста, ҳамсари Алии Хоманаӣ бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Амрико ва Исроил ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҳолати кома қарор дошт, вале табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшанд.

Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, духтар, набера ва домоди Сайид Алии Хоманаӣ низ бар асари як ҳамла ба Теҳрон кушта шудаанд.

Ҳамчунин келини Хоманаӣ - Заҳро, ки духтари Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ буд, ба шаҳодат расидааст. Заҳро ҳамсари Муҷтабо Хоманаӣ, писари калонии Сайид Алии Хоманаӣ ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба курсии раҳбарии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Бархе аз расонаҳо навиштаанд, ки худи Муҷтабо низ ба шаҳодат расидааст, вале манбаъҳои расмии Эрон ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Ҳаддоди Одил, падари Заҳро дар суҳбат ба Садову Симои Эрон гуфтааст, ки духтараш дар роҳи инқилоб шаҳид шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД