Нигоҳдории роҳ рисолатест, ки натиҷааш ба ҳама маълум аст. Вақте роҳ сохта мешавад, тамоми ҷомеа аз он истифода мебарад. Роҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд, пулҳо ва иншооти роҳсозӣ бунёд мегарданд, нақбҳо сохта мешаванд, роҳҳои кӯҳиву водӣ беҳтар нигоҳдорӣ мешаванд. Аммо сохтани роҳ танҳо як марҳила аст. Асфалти роҳ вақте фарсуда шуд, онро бояд иваз кард, тарма таври табиӣ рафъ намешавад, ҷӯйбори канори роҳ худ аз худ тоза намешавад. Аломати роҳ бе нигоҳубин ҳамеша равшан намемонад. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми сохтмони роҳ кори дигар оғоз мешавад - нигоҳдории роҳ. Зеро роҳнигоҳдор дар канори роҳ танҳо як корманд нест. Ӯ моҳиятан нигаҳбони роҳи зиндагии мост.
Вақте дар бораи роҳсозӣ сухан мегӯем, одатан пеши назар техникаи бузург, муҳандисон, лоиҳакашон, пулҳо, нақбҳо ва шоҳроҳҳои муосир меоянд. Аммо дар канори ин ҳама як қувваи дигар низ ҳаст - меҳнати ҳаррӯзаи роҳнигоҳдор. Кишвари мо кӯҳсор аст. Роҳҳои Тоҷикистон аз водиҳо, дараҳо, ағбаҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ мегузаранд.Дар чунин шароит нигоҳдории роҳ кори осон нест. Ҳар фасл мушкилоти худро дорад. Барои мисол, махсусияти фасли баҳор, пеш аз ҳама, ба бориши пуршиддати борон, лағзиши кӯҳпора ва омадани сел рабт дорад. Дар фасли тобистон бошад, таъмири ҷорӣ ва кулли роҳ самти афзалиятноки фаъолият аст. Дар тирамоҳ таваҷҷуҳи хоса ба рафъи пайомади бориши борон зоҳир мегардад. Зимистон бошад, бо назардошти бориши давомдори барф, тармафароии зиёд, яхбандии роҳ барои кормандони марҳилаи душвортарин маҳсуб мешавад. Дар чунин шароит роҳнигоҳдор бояд ҳамеша омода бошад. Ин касб аз инсон танҳо қувваи ҷисмонӣ не, балки сабр, интизом, масъулият ва муҳаббат ба меҳнат талаб мекунад.

Дар кӯҳистон, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз минтақа мегузарад ин кор саҳлу сода нест. Кӯҳ, дара, обу ҳавои тағйирёбанда, ярчу тарма ва релефи душвор аз роҳсозон дониш, таҷриба ва матонати зиёд талаб мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар роҳи нав дар Тоҷикистон дар худ қиссаи меҳнат дорад. Қиссаи одамоне, ки барои он роҳ арақи ҷабин рехтаанд. Бо роҳи Душанбе – Чаноқу иншооти марбут ба он метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои бузургу бас баландро шикофтанду ин роҳро сохтанд. Дар ин масир дарозтарин нақбҳои кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар болои дарёҳо пулҳои бузургу замонавӣ сохта шуд. Шоҳкориҳои мазкур моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар бештару беҳтар эътироф созем. Дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Кунун одамон ба дидори ҳамдигар бе мушкилӣ мерасанд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати истиқлолият моро насиб гардид.
Ҳамарӯза ашхоси касбу кори гуногун ба роҳ мебароянд ва нияташон ин аст, ки ҷодаи пешгирифтаро бе мушкил паймоянд. Дар назари аввал роҳ танҳо як масири муайян, амсоли аз хона то кор, аз як шаҳр ба шаҳри дигар, аз як ноҳия ба пойтахт ё аз бозор то деҳаи дурдаст. Аммо вақте ҷарфтар меандешем, ҳувайдо хоҳад шуд, паси ҳар километри роҳи обод, ҳар аломати роҳ, ҳар хати уфуқии кашидашуда ва ҳар қитъаи аз барфу санг тозагардида заҳмати роҳнигоҳдорон нуҳуфтааст. Мардоне, ки шабонарӯз дар ҷода қарор доранд, Онҳое, ки новобаста аз сармои қаҳратуни зимистон, гармои тоқатфарсои тобистон, обхезиҳои харобиовари баҳорӣ ва борони пуршиддати тирамоҳ рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро мекунанад.
Дар тасаввури аввал роҳ як қитъаи ҳамворест, ки мошин аз рӯи он ҳаракат мекунад. Вале дар асл роҳ як низоми мураккабест, ки нигоҳубини доимӣ мехоҳад. Дар роҳе, ки нигоҳдориаш дар сатҳи хубу сифати баланд аст, ба ҳаракати бехатар шароит фароҳам мегардад. Аммо барои таъмини бехатарӣ ҳар рӯз корҳои зиёд, аз ҷумла назорати ҳолати роҳ, тоза кардани қитъаҳо аз сангу хок, бартараф намудани чуқуриҳо, тоза нигоҳ доштани ҷӯйбору обравҳо, насби аломатҳои роҳ, аз нав кашидани хатҳои уфуқӣ, тоза кардани роҳ аз барф ва ях, инчунин рафъи оқибатҳои ярч, тарма ва дигар зуҳуроти табииро анҷом додан лозим аст. Беҳуда нагуфтаанд: “Ҳама ободиҳо аз роҳи хуб аст”.

Шабона барф меборад. Роҳи кӯҳӣ лағжон мешавад. Субҳ бояд садҳо мошин аз ҳамин қитъа гузаранд. Кӣ пеш аз ҳама ба роҳ мебарояд? Роҳнигоҳдор. Ё борони сахт меборад ва обравҳои канори роҳ пур мешаванд. Агар сари вақт тоза карда нашаванд, об метавонад ба қабати роҳ зарар расонад. Кӣ бояд мушкилро пеш аз ба хатар табдил ёфтанаш бартараф кунад? Боз ҳам роҳнигоҳдор. Ё санге аз кӯҳ ба роҳ меафтад. Ҳаракати нақлиёт душвор мешавад. Дар чунин ҳолатҳо низ кормандони соҳаи роҳ вазифадоранд ҳарчӣ зудтар роҳи ҳаракатро барқарор намоянд. Дар фасли зимистон бориши пуршиддати барф, яхбандӣ, туман ва фаромадани тарма хатари маъмул аст. Дар чунин шароит сарбории роҳнигоҳдорон, аз ҷумла кормандони IRS боз ҳам бештар мегардад. Онҳо бояд роҳро шабонарӯзӣ назорат кунанд, техникаи махсусро ба макони лозима сафарбар кунанд, тармаҳоро сари вақт тоза намоянд, роҳро бо маводи зиддилағзиш намоянд ва дар сурати ба вуҷуд омадани монеаҳо барои бартарафсозии онҳо бетаъхир чора андешанд. Дар ин замина, баъзан ронандагон танҳо чанд дақиқа интизор мешаванд, аммо на ҳама дарк менамояд, ки барои роҳнигоҳдор ҳамон чанд дақиқа имтиҳони ҷиддӣ ва азхудгузаштан аст.
Ронанда ва роҳнигоҳдор дар аксар маврид бо ҳама тавъаманд. Ронанда вазифадор аст қоидаҳои ҳаракатро риоя кунад, суръати бехатарро интихоб намояд, воситаи нақлиётро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад ва ба шароити роҳ мутобиқ шавад. Роҳнигоҳдор бошад, барои дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани роҳ масъул аст. Аз ин нигоҳ, кормандони IRS барои ронанда танҳо корманди ширкати масъули нигоҳдории роҳ набуда, ҳамсафари мушкилосонкун маҳсуб мешаванд, ки натиҷаи меҳнаташон ҳамеша зери чархи мошин эҳсос мешавад.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО