Дар миёни шаҳри бузургу пурғавғои Истамбул, ки ҳазорон нафар барои ёфтани ризқу рӯзии худ зиндагӣ мекунанд, як зани дигар низ умр ба сар мебарад. Номи ӯ Нигора аст. Ӯ аз миллати ӯзбек буда, тақдир ӯро маҷбур кардааст, ки аз Ватани азизаш дур шавад. Чор сол боз дар Туркия зиндагӣ карда, дар як коргоҳи дӯзандагӣ бо меҳнати ҳалол кор мекунад.
Ҳеҷ кас Ватани худро бо хоҳиши худ тарк намекунад. Дар паси ҳар як муҳоҷират қиссае пинҳон аст: орзуҳои нотамом, ташвишҳои зиндагӣ, масъулияти таъмини фарзандон ва умед ба ояндаи беҳтар. Нигора низ маҳз бо ҳамин умед аз хонааш дур шуд. Ӯ медонист, ки роҳи муҳоҷират осон нест, вале барои зиндагии шоистаи фарзандонаш ин сахтиҳоро пазируфт.
Ҳар саҳар пеш аз тулӯи офтоб аз хоб мехезад. Бо шитоб омода шуда, роҳи коргоҳи дӯзандагиро пеш мегирад. Дар он ҷо садои мошинҳои дарздӯзӣ лаҳзае ҳам қатъ намешавад. Аз субҳ то шом 10-12 соат рост истода кор мекунад. Ангуштонаш аз кори зиёд хаста мешаванд, чашмонаш аз нигоҳ ба матоъ ва риштаҳо монда мегарданд, аммо зиндагӣ интизор намешавад. Барои як муҳоҷир ҳар рӯзи корӣ мубориза барои фардои беҳтар аст.
Дар хонае, ки зиндагӣ мекунад, асосан мардон истиқомат доранд. Дар миёни онҳо танҳо як зан ҳаст - худи Нигора. Ҳуҷраи танг, зиндагии одӣ ва дурӣ аз аҳли оила ба қисми ҷудонашавандаи рӯзгори ӯ табдил ёфтааст. Аммо ҳеҷ чиз ҷойи меҳри фарзанд, оғӯши модар ва гармии хонаводаро гирифта наметавонад. Бегоҳӣ, баъди анҷоми як рӯзи вазнини кор, Нигора фавран ба хона намешитобад. Аввал ба боғи назди хонааш меравад. Агар барои дигарон ин боғ танҳо макони истироҳат бошад, барои Нигора он маънои тамоман дигар дорад.
Дар он ҷо курсии дӯстдоштааш ҳаст. Ҳар шом ба ҳамон курсӣ нишаста, аз насими форами шомгоҳӣ баҳра мебарад. Шамол аз миёни дарахтон оҳиста мевазад, баргҳо нарм ҷунбиш мекунанд ва паррандагон охирин сурудҳои рӯзро месароянд. Нигора телефонро ба даст гирифта, ба духтаронаш занг мезанад.
Ҳамин ки овози фарзандонашро мешунавад, чашмонаш пур аз ашк мешаванд. Аммо намехоҳад фарзандонаш ғаму андӯҳи ӯро эҳсос кунанд. Аз ин рӯ, бо овози меҳрубону шодмон бо онҳо суҳбат мекунад. Аз аҳвол, саломатӣ, таҳсил ва орзуҳояшон мепурсад. Ҳамеша мегӯяд, ки ба зудӣ бармегардад, ҳарчанд худи ӯ ҳам намедонад он рӯз кай фаро мерасад. Пас аз анҷоми суҳбат чанд дақиқа хомӯш менишинад. Ба осмони Истамбул менигарад ва дар хаёлаш осмони Ватани худро тасаввур мекунад. Ӯ медонад, ки ҳамин нури моҳ имрӯз бар боми хонае, ки фарзандонаш дар он зиндагӣ мекунанд, низ метобад. Ин андеша ба қалбаш андаке оромӣ мебахшад. Барои Нигора боғ танҳо як гӯшаи сабзу хуррам нест. Он ҳамрози ӯст. Дар ин ҷо касе ӯро маломат намекунад, касе сабаби ашкҳояшро намепурсад. Гӯё дарахтон дарди ӯро мефаҳманд, шамол ашкҳои рӯяшро оромона хушк мекунад ва сукути боғ ба қалбаш таскин мебахшад.
Шояд ҳар як дарахти ин боғ аз сарнавишти садҳо муҳоҷир огоҳ бошад. Медонад, ки чӣ қадар модарон бо чашмони пур аз ашк дур аз фарзандонашон зиндагӣ мекунанд. Медонад, ки чӣ қадар падарон барои як луқма нон солҳои дароз аз меҳри оила маҳруманд. Ҳар шом ин боғ шоҳиди дуоҳои ором ва орзуҳои ҳазорон муҳоҷире мешавад, ки аз Ватан дур зиндагӣ доранд.Нигора ҳар шаб бо умеди нав аз боғ бармегардад. Ӯ бовар дорад, ки рӯзе меҳнаташ самар медиҳад, фарзандонаш босавод ва хушбахт мешаванд ва дигар ҳеҷ гоҳ маҷбур намешаванд роҳи муҳоҷиратро интихоб кунанд.
Қиссаи Нигора танҳо саргузашти як зан нест. Ин саргузашти ҳазорон занони муҳоҷир аст, ки дур аз Ватан ва аҳли оила бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар паси табассумҳои худ ҳазорон дард ва садҳо ҳасрати Ватанро пинҳон месозанд. Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, умедашонро аз даст намедиҳанд.
Ва ҳар шом, вақте Нигора боз ба ҳамон боғ қадам мегузорад, чунин эҳсос мекунад, ки боғ ӯро ба оғӯш мегирад. Гӯё ба ӯ мегӯяд:
- Ту танҳо нестӣ. Ман ҳар рӯз интизорат ҳастам.
Баъзан инсон на танҳо ба сухани як дӯст, балки ба оромии як боғ ҳам ниёз дорад. Барои Нигора ҳамин боғи оддӣ ба дӯст, ҳамроз, паноҳгоҳ ва як порча аз Ватани дураш табдил ёфтааст.
Шояд рӯзе ӯ ба Ватани азизаш баргардад. Аммо хотираи ин боғ, ки дар солҳои танҳоии муҳоҷират ҳамсафари ӯ буд, то абад дар қалбаш боқӣ хоҳад монд.
Эҳром Раҷабов
шаҳри Истаравшан