Исёни фарзандон
Нисфирӯзӣ хоҳараш ба хонаи онҳо меҳмонӣ омад. Келинҳо ош пухта, духтарҳоро низ хабар карданд. Вақте ки ҳама фарзандони бобои Раҳматулло сафу ҷамъ шуданд, аммаашон аз дур сухан оғоз карда гуфт:
-Шукри Худо, хонаи ҳамаатон обод, зиндагиатон тинҷу осуда аст, акнун бояд фикри падаратонро ҳам кунед, охир дар зиндагӣ ба мард як дамдаму ҳамроҳ лозим аст, ки…
-Амма, ин гапро як бор гуфтед, дубора такрор накунед! Дониста монед, то рӯзе, ки мо зиндаем, намемонем, ки ягон зани дигар ҷойи модарамонро гирифта, дар ин хона давру даврон карда гардад,-Дарҳол ба миёни гапи кампир лагад зад ҷияни хурдиаш.
-Дадаам пир шудаанд, занро чӣ кор мекунанд?!-Сухани бародарашро тақвият дод писари калонии мӯйсафед.
-Падарам умри имрӯз доранд, пагоҳ доранд, зан гиранд, баъди сари ин кас як беваи дигар ба гардани мо бор шуда мемонад. Ба худ дарди сар харидан чӣ лозим?!-Бародаронашро ҷонибдорӣ кард духтари Раҳматулло.
Кампир чун дид, ки гапаш ба фарзандони додараш намегузарад, оҳи сард кашида гуфт:
-Фарзандони Њошимбой ҳам шумо барин якравӣ карда «намехоҳем дар ҷойи модарамон зани дигар давру даврон карда гардад» гӯён, падарашонро зан гирифтан намонданд, бечора мардак аз танҳоӣ безор шуда, оқибат домони як ҷӯгизанро гирифта баромада рафт. Акнун ҳама бачаҳояш мушти пушаймонӣ ба сар кӯфта, афсӯс мехӯранд, ки чаро ба падарашон ягон зани калонсоли муъмину мусалмонро гирифта надоданд…
Хоҳараш инро гуфта бо табъи гирифта баромада рафту бобои Раҳматулло низ омин карда аз сари дастурхон хест…
Ғуссамарг
Мўйсафед то қарибиҳои саҳар мижжа таҳ карда натавонист, вале дами субҳдам ғанабаш бурд. Боз занашро хоб дид, вале ин дафъа кампир ба вай ягон ҳарфи таскинбахш нагуфт ва рӯймолашро ҳам дароз накард. Хомӯшона як ба мӯйсафед нигаристу дар дили торикӣ ғайб зад…
Бедор шуда чашмонашро молида-молида аз бистари хобаш хест. Сараш вазнин, пойҳояш бемадор шуданд. Дилаш дард мекард. Мӯйсафед худро базӯр кашолакунон то дами тиреза расонд ва пардаро боло карда ба берун нигарист. Келинҳояш либосҳои дирӯз шустаашонро дар сари тор овезон карда буданд. Бобои Раҳматулло ба тори либосҳо чашм давонд, ана он куртањо азони писараш, ана инњояш азони худи келин, дуртар куртачаю эзорчањои наберањояш овезон… Нигоњи мӯйсафед аз тор ба тўдаи либосњои ношуста афтид. Куртаҳои вай ҳамоно дар рӯйи замин ба чангу хок олуда мехобиданд…
Ба дилаш гӯё касе бераҳмона корд зада бошад, қафаси синааш якбора ба сӯзиш омад ва пеши чашмонаш аз шиддати дард сиёҳӣ заданд. Хост писаронашро садо кунад, вале овозаш дар гулӯяш дармонда, мӯйсафед мисли чанори решагардон гурсосзанон ба замин афтид. Вақти афтидан ришу мӯйи барфсон сап-сафедашро чизе мањин сила карда гузашт ва мӯйсафед дар олами руъё дид, ки рўймоли сафеди кампиракаш дар фазо парвозкунон се маротиба дар гирди сараш чарх зада, баъд рӯйи ӯро пӯшонд…
Вақте ки писаронаш ба хона даромаданд, рӯз аллакай бегоҳ шуда, манаҳи мӯйсафеди ҳанӯз субҳдам ҷондода кайҳо афтида буд…
Анҷом!