Амрико додани “Грин-корт”-ро манъ кард
83

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи лотереяи корти сабз, яъне “Грин-корт”-ро пас аз ворид шудани гумонбари тирандозӣ дар Донишгоҳи Браун тавассути он ба Амрико бозмедорад. Дар ин хусус Котиби амнияти миллӣ Кристи Ноем хабар додаст.

"Бо дастури президенти Амрико Доналд Трамп ман фавран ба USCIS (Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида - RBC) амр медиҳам, ки барномаи DV1-ро боздорад, то амрикоиҳо дигар аз ин барномаи зараровар осеб набинанд",- навиштааст Кристи Ноем дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Тибқи иттилои chpmoscow, тирандози Донишгоҳи Браун Клаудио Мануэл Невес Валенте соли 2017 бо воситаи барномаи раводиди муҳоҷирати гуногунрангӣ (DV1) ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шуда, корти сабз гирифтааст.

Тирпарронӣ рӯзи 14-уми декабр дар наздикии бинои Barus & Holley, як маҷмааи ҳафтошёнаи шуъбаҳои муҳандисӣ ва физика рӯй додааст. Он рӯз дар мактаб имтиҳонҳои ҷамъбастӣ баргузор мешуданд ва бар асари тирпарронӣ ду нафар кушта шуда, 20 нафари дигар маҷруҳ шудаанд, гуфтаанд зимни суҳбат бо NBC News 4 мақомдори пулис.

Ҷасади тирандози 48-соларо рӯзи 18-уми декабр аз як анбор пайдо кардаанд.

Маълум мешавад, ки соли 2000-ум ӯ донишҷӯи бахши физикаи Донишгоҳи Браун буда, соли 2017 дар давраи аввали президентии Трамп низ барои лағви ин барнома дар пайи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Ню-Йорк, ки аз ҷониби як муҳоҷири Узбекистон анҷом шуд, талош кардааст. Ҳамлаи террористӣ дар Манхэттен рӯзи 31-уми октябр рӯй дода, бар асари он ҳашт нафар кушта шуданд. Як ронандаи мошини боркаш ба роҳи дучарха даромада, одамонро пахш кард ва сипас қасдан ба автобуси мактабӣ бархӯрд. Пулис ин ҳодисаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ унвон намуда, иртиботи ҳамлагар ба "Давлати исломӣ"-ро таъйид кард. Омили ҳамла Сайфулло Соипови 29-сола, зодаи Узбекистон буд.

Дар доираи Барномаи раводиди гуногунрангӣ (DVLP), ҳамасола ба 50 000 довталабон аз кишварҳои дорои сатҳи пасти муҳоҷират барои зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико корти сабз дода мешавад. Тибқи навиштаи расонаҳои амрикоӣ, маҳз бо корти сабзе, ки тавассути DVLP ба даст омадааст, Соипов соли 2010 ба Иёлоти Муттаҳида омадааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД