Arzon march 2024
Ҷамъоварии пул барои таъмир ва таҷлили "занги охир" манъ шуд
23.05.2025
Oila.tj
379

Сарраёсати маорифи пойтахт ба сокинон ҳушдор додааст, ки тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фасод ва маблағҷамъкунии ғайриқонунӣ” ҷамъоварии маблағ барои таъмиру гармкунии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст.

Дархост шудааст, ки агар масъулони мактабу кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе барои чунин корҳо пул талаб кунанд, сокинон метавонанд тариқи рақамҳои 221-30-92 ва 992 002 20 40, ё почтаи электронии [email protected] ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, Сарраёсати маориф гуфтааст, ки дар мактабҳои шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, баргузор кардани чорабинии “Занги камолот” ва ё “Занги охир” манъ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД