Хоҷагидорони вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 4,2 млн сомон маҳсулот тавлид кардаанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии баррасии дастоварду натиҷаи фаъолияти вилоят дар нимсолаи аввали сол иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 280 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Мақомдорони Суғд гуфтанд, аз ҷумла дар вилоят ҷамъоварии сабзавот ба зиёда аз 88 ҳазор тона расонда шуда, тавлиди мевагиҳо ба 91 ҳазор тон баробар шудаст.
Тибқи омор, пиёз 1%, картошка 0,3%, полезӣ 11% ва мевагиҳо зиёда аз 2 баробар бештар ҷамъоварӣ шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд зиёда аз 12 млрд сомониро ташкил дод. Дар умум, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ба иттилои Хол Ҳайдар, муовини раиси вилояти Суғд, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.