formula55
«Амонатбонк» барои хариди хона ва сохтмон то якуним миллион сомонӣ қарз медиҳад
613

“Амонбонк”ба шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби манзили шахсии худ гарданд, дар амалӣ сохтани орзуҳояшон ёрӣ расонида, қарзи “Ипотека”-ро ба мӯҳлати то 10 сол пешкаш менамояд. Вобаста ба сатҳи даромадашон ба шаҳрвандон барои хариди хона ё сохтмони манзил аз сад ҳазор то якуним миллион сомонӣ қарз дода мешавад.

Тавре ки Алиҷон Салимзода, раиси нави “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Оила. ТЧ Фирӯза Сатторӣ дар боби қарзҳои ипотекӣ гуфт:

“Тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо кор мекунанд, имкон доранд, ки аз қарзи “Ипотека” баҳравар гарданд, агар ба талаботҳои гирифтани ин намуди қарз ҷавобгӯй бошанд. “Амонатбонк” ба 118 нафар мизоҷон ба маблағи 29 миллион сомонӣ қарзҳои ипотекӣ пешкаш намудааст. “

Абдувалӣ Ҷаъфарзода, директори депортаменти қарзии “Амонатбонк” зимни суҳбат бо мо шартҳои гирифтани қарзи ипотекиро шарҳ дода, гуфт:

“Қарзи “Ипотека” ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади харидани манзил ва сохтмони хона дода шуда, фоизи он бо пули миллӣ, яъне сомонӣ 20% ва бо асъори хориҷӣ 10% мебошад. Шаҳрвандон имкон доранд, ки барои харидани манзил аз 100 ҳазор то якуним миллион сомонӣ қарз бигиранд. Қарзи “Ипотека” ба мӯҳлати то 10 сол дода мешавад. Қобили зирк аст, ки барои сохтмони манзил низ аз 80000 ҳазор сомонӣ 500000 сомонӣ қарзи “Ипотека” дода шуда, мӯҳлати пардохти он то 7 сол мебошад. Аз рӯйи имтиёзҳои муқарраргардида муштариёне, ки дар Бадахшон зиндагӣ мекунанд, фоизи қарзи онҳо ба андозаи як банди фоизӣ паст карда мешавад. “

Барои гирифтани қарзи “Ипотека” шаҳрванд бояд дархост гузошта, дар бораи даромади худ маълумотнома ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод намояд. Муштарӣ метавонад худи манзили харидашаванда ё амволи дигари худро ба гарав гузорад. Яке аз шартҳои асосии қарзи “Ипотека” он аст, ки шаҳрванд бояд ҳадди ақал 30%-и маблағи хариди хонаро дошта бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД