Formula september
Ҳамоиш вобаста ба рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон
1061

Имрӯз, 3-юми июн дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” вобаста ба муаррифии “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” ҳамоиш баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Зикр гардид, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти таҳкими мақоми занон дар ҷомеа пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдомоти муҳим ҷиҳати боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади мукаммалсозиву соддагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории занон, бахусус дастрасӣ ба захираҳои молиявии арзон, таъмини инфрасохтор ҷиҳати фаъолияти самараноки занон ва баланд бардоштани малакаи соҳибкории онҳо “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” қабул гардид”.

Инчунин, тибқи барнома Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ва Роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар, аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаҳои саноат, коммуникатсия, хӯрокворӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.

Пас аз қисмати расмии чорабинӣ кор дар панел идома ёфта, дар фарҷом тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки чунин чорабиниҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор хоҳанд намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД